Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Амаки Юсуф калиди тахмонро гирифта берун баромад. Дурудароз ғайб зад… ва дарро базўр кушода даромад. Ман дам ба дарун гирифта танҳо ба писарак менигаристаму фикру хаёл мекардам; аз ў бисёр чиз пурсидан мехостам: кӣ будани худашро донистан мехостам; ҳар гоҳ ё дер-дер ба миён омадани ин корро пурсиданӣ будам; муносибати амаки Юсуфу Боҳоҷӣ ва пулро ба хона овардани ў, чаро ба бегонагон бовар карда пул даста карда, ба тахмон гузоштанаш ва бисёр-бисёр чизҳоро донистан мехостам, аммо метарсидам, ки саволро диҳаму ҷавобашро нашунида амаки Юсуф аз дар дарояд, кунҷковии маро пай бурда, дар дил шубҳа мекунад ва ба сарзанишам мегузарад; некӣ карда, одами худ дониста, ба ин ҷо оварданашро таъна мезанад ва боз ба таъкид мегузарад, ки падарат одами хуб, ман туро писари ҳамон кас дониста ба ин ҷо овардам, кўрнамакӣ мекунӣ... акнун ҳамаашро ба додот мегўям...
Ва он гоҳ ман аз падарам танбеҳи зиёд мебинам; ҳам барои напурсида ба шаҳр рафтанам, ҳам барои дер монданам, боз барои дар ҳаққи Юсуф барин одами мўътабар беэҳтиромӣ карданам...
ва аз ҳама бадаш барои ба чунин корҳо диққат доданам ва чунин рафторҳоро дидану донистанам. «Туро кӣ мондаст ба ин кор? Сад бор гуфтам, ки ба роҳат рост гард, ба моли мардум чашм мадўз, бади касро магўй, бинӣ ҳам, надида ангор... Пул чирки даст, ба об расад, шуста мешавад; касе аз пул обрў нагирифтааст... пул касро як медавонад, баъд чунон мешинонад, ки ҷунбида наметавонӣ... Бадтарин, пурзўртарин душман пул аст...» Ман медонам ў боз чиҳо мегўяд: «Туро кӣ гуфт, ки ба он ҷо равӣ? Туро кӣ гуфт, ки ба он пул даст занӣ? Туро кӣ гуфт, ки ба ҷойи пулгузоштаи онҳо нигарӣ... Чашматро мекобам, дастатро мебуррам, забонатро канда мегирам, поятро зада мешиканам.» Гўё бемурувват, бераҳм, ҷаллод аст додои ман.. Нее, таънааш ҳамин хел, насиҳаташ ҳамин хел... Аз ҳама бадаш: сари ғазаб мегўяд ин ҳарфҳоро, баъд ғамгин мешавад, сархам мегардад, андешаашро ба касе намегўяд; аз кори ҷаҳон, аз кирдори одамон мулоҳиза мекунад ва «чаро?» мегўяду ба саволаш ҷавоб намеёбад, худро мепучад, забонашро мегазад ва мушаки рўйи чапаш тез-тез мепарад: «Ман чӣ хел фарзанди ноаҳл, касофат, бадбахт ва берўзӣ тарбият кардаам?»
— Амак, додом маро мекушанд...
— Ҳамин вақт ғамам – ғами додои ту!
Ҳо, ҳар кас ғамашро худаш медонад ва аз ҷиготу ташвиши ў пай бурдан мумкин, ки ғамаш кўҳ барин. Вай як лаҳза каҷпаҳлў кард ва ба сараш як чиз буд: ҳар ранг гуфтаҳои одамонро тасаввур кард – бо гунаҳгорон чӣ муносибат кардани одамони органро пеши назар овард; гунаҳгороне, ки гуноҳашонро иқрор намекунанд чӣ ранҷ мебинанд; пасон пеши назар овард, ки Боҳоҷӣ зери шиканҷа чӣ зайл ўро мефурўшад: ҳама гуноҳи ў, мардумро фиреб дода молашонро арзон гирифта, дуболову себоло фойида мекунад; бисёр маккори ҳилагар, ҳар чӣ шудам, аз дасти ў шудам...

пешина
аз 393
навбатӣ