Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале чӣ шуданашро намегўяд ва онҳо ба даст афтодани ўро мефаҳманд...
Боз шиканҷа мекунанд. Боҳоҷӣ як-як шариконашро ном мебарад, ҷойи пулро мегўяд ва чунон он пулҳоро ба номи шарикон тақсим мекунад, ки худаш беғубор мемонад. Ва амаки Юсуф ҳамин қадарашро низ тасаввур мекунад, ки Боҳоҷиро зери новаи осиёб андозанд, хушк мебарояд...
Амаки Юсуф парида хест. Баробари кушода шудани дарвоза ва садои даруни ҳавлӣ омадани мошин ў парида хест, аммо берун набаромад. Ҳоло намедонист, ки вай мошини кист. Мисли кўдаки озордида ва ранҷида лабонаш парида майли гиря карданд, аммо баробари шунидани садои сурфа аз чашмонаш ашк шорид. Ў садои сурфаро шунида шинохт ва маъниашро дарёфт, барои ҳамин гирист, вале оби чашмашро пок накард, то Боҳоҷӣ бинад...
... Аммо Боҳоҷӣ ба гиряи ў эътибор надод. Чашмони амаки Юсуф ба ў дўхта шуданд ва «мана бин, мана бин» мегуфтанд, вале Боҳоҷӣ намедид. Вай муддате миёни хона рост истод: манаҳ сойид, хеле ба гилеми қолии ҷигарранг дида дўхта, аммо онро надида рост истод, пасон сар боло карда ба ойинаи дари тахмон зеҳн монд. Амаки Юсуф рамуз гирифта калидро сўйи ў дароз кард. Боҳоҷӣ каф ёзид. Вай калидро рўйи кафаш гузошт. Боҳоҷӣ калидро миёни панҷаҳо сахт ҷафид, ки обашро мебароварда бошад ё алам аз калиди «бахт» меситонида бошад... Пасон...
Пасон дари тахмонро кушод, лўлаболиштҳоро гирифта, рўйи хона андохт ва ду болишти бешилшиларо ҷудо кард ва боз калидро ба амаки Юсуф гардонд ва фармуд, ки болиштҳоро гирифта берун барорад.
— Ман ба вилоят меравам...
Ҳамин қадар гуфт ва амаки Юсуф сар ҷунбонд. Аммо ин муомилаи онҳоро ман надидам. Сўҳбати пасти онҳо ба гўш мерасид:
— Медонӣ, Калон мерафтаанд.. Писари Қаландар калон мешудааст... Медонӣ, кн чӣ гуфтанӣ гап? Агар писари Қаландар калон шавад... Не, намешавад… Болиштҳоро дар мошин мондӣ? Не, вай калон намешавад... Вай калон намешавад... Мо мегузорем, ки…

пешина
аз 393
навбатӣ