Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ўро бубин, боз дўғ ҳам мезанад... О ман ҳақ дорам, ки хуни туро резам, ту баччаи маро задӣ!
— Рост, задам...
— Ана, дидед? – худро ҳақ дониста ба дигарон рў овард. – Сар диҳед, ман очаи зори ин зўрро нишон диҳам!...
— Лекин баччатон гуфт, ки барои чӣ задам?
— Гуфт: ҳам ба мошин заду ҳам ба даст, гуфт.
— Ако, баччаро ҳой гўед, назди ман пурсед, ки барои чӣ задам.
Лекин, ҳарчанд баччаро ҷеғ заданд, аз дар наомад, гурехт.
— Дидед, ако, баччатон гурехт, баройи ҳамин аваал пурсиш вон гаҳе кушиш, гуфтаанд... Писаратон пушти мошини пеш часпида баромад, аммо дошта натавониста, афтид ва агар мошинро қарор намедодам, ғелида зери чархи мошини ман медаромад...
— Як бори дигар гўй... аз мошин афтид? Ба мошин часпида баромада буд?
— Ҳо ако, ҳамин хел, ки гуфтед.
Мардак аз шасташ гашт ва акнун пай бурд, ки рўйи дастархон аст. Дастонаш магар суст шуданд, ки корд афтид, дигарон ўро сар доданд ва аз рўйи дастархон канор баромада нишаст, нонро гирифта бўсид, ба чашмонаш молид ва омин гирифта, ба корд ҳам нигоҳ накарда, бархост, аз дар баромад.
Ранги Сайфулло канд, сонӣ ба худ омад. Зеро рафторе, ки ў кард, на ҳар девона мекунад. Баъди рафтани ў меҳмонхона орому хомўш шуд ва боз ғалмағал гашт; ронандаҳо баробар гуфта, рафтори мардро таҳлилу танқид мекарданд, меҳмонхонадор аз онҳо узр пурсид, ки кори нашуданӣ шуд. Ва дере нагузашта падару писар ба дар ҳозир шуданд..
— Писарам, ҳамун одами тиллодандон туро зад? – пурсид падар.
— Ҳо.
— Барои чӣ зад?
— Ҳамту зад.
— Зад, ҳамту зад? Барои ба мошин часпида баромада ва боз афтида, ба мошини ў заданат назад?
Писар чизе гуфта натавонист, сар хам кард.
— А! Барои ҳамин зад?!
— Ҳо.
Падар низ ба баногўши писар зад ва фармуд, ки дую дубора дурўғ нагўяд, сонӣ ба Сайфулло рў овард:
— Мулло Сайфулло, рафту Палорак кўчад, кўчи маро шумо мебаред.
Қатъӣ буд сухани ў, аммо Сайфулло нафаҳмид, ки чаро маҳз ў бояд кўчи ўро бубарад, мошин бисёр, вай писари ўро задааст, чанд лаҳза пеш ўро куштанӣ буд, дашном дод, барои писар ҷон доданӣ буд, ин дам рафтораш дигар.

пешина
аз 393
навбатӣ