Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Шояд найранг бошад?» – аз дил гузаронд Сайфулло ва розӣ нашуд:
— Не, ако, ман кўчи шуморо бурда наметавонам.
— Агар худат бурдӣ, бурдӣ, вагарна тамоми республика як тараф шавад, ки аз ҷом намеҷунбам... Маро чӣ кор мекунад? Мекушад? Мепаронад? Кушад, паронад, лекин ба ягон мошини дигар савор намешам.
Сайфулло ба андеша рафт, аз чунин ҳарфу қарори ў шубҳаи дилаш зиёдтар шуд ва ба дастархон чашм дўхт.
— Худо якта, гап якта, хоҳӣ, ки ман аз Масчо ба ғарибиҳо равам, мошината ҳай карда дари хона меорӣ, агар хоҳӣ, ки ман ғариб нашавам, намеорӣ, вассалом...
Мардакро ном Умарбек бурда, айбу эрод карданд, гуноҳ ба гардан гирифтагӣ барин ба Сайфулло нигоҳ карду баромада рафт.
Ва Сайфулло ба андеша рафта, аз ғалмағали аҳли давра, ки дар ҳаққи Умарбек мегуфтанд, ҳарфе намешунид. «Ҳамаи рафтораш тақал аст, падари дилсўз ин хел фарзандро миёни мардум намезанад... Маро бурда қасос гирифтанист... Намеравам... Агар наравам, маро гунаҳгор мекунанд» – дар дил муҳокима мекард ў, сонӣ ба маслиҳати ҳамроҳон савол ба миён овард:
— Як кас накўчад, дунё вайрон мешавад?
— Инро аз калонҳо мепурсӣ, Сайфулло, лекин мо медонем, худат ҳам дидаӣ, ки як кас накўчад, сад кас намекўчад, – маслиҳат дод Яздон-полвон. – Ту аз ҳамаи инҳо бисёртар кўч кашондӣ...
— Рост, қариб Масчоҳро ман кўчондам, лекин ин хелашро надида будам.
— Меравӣ, Сайфулло, дигар илоҷ нест, – маслиҳати ронандагони дигар буд..
— Кушад, шумо қасоси маро мегиред?..
— Намекушад, вай ҳам аз ҷони худ метарсад.
...Сайфулло, бахт аз таваккал, дар дил қарор дод, ки кўчи Умарбекро мекашонад, вале ҳамин ки ба мошинаш наздик шуд, аз нияташ гашт; ду чархи пеши мошин ба замин ҳамвор шуда буд. Ў хам шуда дид, ки шояд чархҳоро сўрох карда бошанд, аммо нишонае надид ва дарёфт, ки дамашро сар додаанд. Ў боз ба меҳмонхона гашт ва ба онҳое, ки ҳоло ба кашондани кўчи ягон кас вобаста нашуда буданд, арз кард. Яздон-полвон аз рўйи фаросат «ин кори ҳамон писарак» гуфт. Барои Сайфулло баҳона шуд, ки ба дари хонаи Умарбек наравад. Ба меҳмонхона даромада нишаст, то даме нишаст, ки ба ў гуфтанд: «Ҳама кўчҳоро бор карданд, фақат мошини шумо холӣ». Сайфулло паси сар хорид ва баъди хеле вақт ба оқсақол рў овард:
— Ман кўчи ўро мебарам, оқсақол, ё худаш, ё писараш маро ба ягон бало гирифтор мекунад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо