Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳеҷ бало намешавад, Сайфулло, баҳонааш ҳамин, ки бо мошини шумо равад, шумо не, гўед, вай ғалаба мекунад...
Сайфулло боз бахт аз таваккал гуфт ва назди мошин рафт, ки чархҳоро дам пур кунад. Ҳамроҳи ронандагони дигар чархҳоро дам карданд ва бо раҳнамоии оқсақол ў мошинро сўйи ҳавлии Умарбек ронд. Вале то дари ҳавлии ў роҳ набудааст, мошинро дуртар нигоҳ дошт.
Офтоб нишаст. Кўҳистон тира гашт. Умарбек Сайфуллоро ба хонааш бурд. Зиёфат кард, вале барои кўч кашондан рухсат надод.
— Ана дар ин хона дам мегирӣ, моҳтоб, ки баромад, мо кўчро бор мекунем, ҳамин ки бор кардем, туро бедор мекунам, ба роҳ медароем.
Вале Сайфулло ба он хоначаи сангини хурду пастак даромадан нахост, дилашро воҳима гирифт.
— Не, ако, беҳтараш дар мошин хоб мекунам.
— Волло монам! Як шаб дар хонаи ман меҳмон мешавӣ... Дар мошин хобат намебарад, тақар-туқур бисёр мешавад.
Умарбек қасам хўрд, Сайфулло чизе гуфта натавонист. Ба хонаи пастак, ки ба сангдевор монанд буд, даромад. Дар сақфи пастаки хона чароғи давра месўхт, рўйи намади фарш ду кўрпача болои ҳам густурда, ду болишт гузошта буданд. Сайфулло болои кўрпача нишаст, Умарбек росто даст бардошт: «Қадам расид, бало нарасад, омин!»
— Баҳузур дам гир, мо кўч бор мекунем, – гуфта баромад Умарбек ва дарро аз болои ў пўшид.
Дили Сайфулло сахт-сахт заду баъд қарор гирифт, чунон қарор гирифт, ки гўё аз задан бозмонда бошад ва ў дам ба дарун гирифта гўш медод, ки тапиши дилашро пай мебарад ё не. Тапиши дилро, садои онро намешунид, аммо пай мебурд, ки чизе дар сақфи синааш меларзад, дам ба дам меларзад. Хомўш: хона ҳам, берун ҳам.
Вале чизе тук-тук мекунад, гўё аз тўпхонаи Ботурхўҷа – аз сари баландии болои деҳа ин садо меомада бошад, гўё ҳоло ҳам дар он ҷо менишаста бошанд, гўё ҳоло ҳам тўп мепарронда бошанд, Сайфулло нишаста натавонист, хеста ба дар наздик рафт, дарро тела дод, ки берун кушода мешуд, аммо кушода нашуд. Якбора ба баданаш мурғак давид, сару рўяшро арақ пахш кард. Вай беҳуда аз Ботурхўҷа ёд наовард, беҳуда садойи дилашро ба садойи тўпхонайи ў монанд накард; вақти деҳаҳойи дигарро кўчондан ҳар бор аз таърихи мири Мастчоҳ Ботурхўҷа қисса мекарданд ва мегуфтанд, ки аз мардуми Палорак эҳтиёт шавед, онҳо ба осонӣ ҷон намедиҳанд... Ў хост дарро сахттар тела дода, занҷирро канда барояд, аммо ба шаъни ҷавонмардии худ муносиб надид, ки рафту ў барои эҳтиёт дарро маҳкам карда бошад ва ё ў надонаду писараш ин корро карда бошад, кори хуб намешавад. Ба ҳар ҳол боз як бор бақувваттар тела дод, паҳлўдарӣ аз сангдевор ҷудо шуд, аммо дар кушода нашуд.

пешина
аз 393
навбатӣ