Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Акои Умарбек, намеравам, гўеду монед-дия, ин қадар мардумро ба бузбозӣ андохтан чӣ ҳоҷат?
Умарбек ба ҳарфи бригадир чизе нагуфт, балки сар ба зер сукут мекард ва намедонист, ки ба вай чӣ гўяд: «Ман ба ў нафармудаам-ку!» – сари забон меомад, вале намегуфт, ки онҳо бовар намекунанд, бовар намекунанд, ки кўдаки кўҳпора ба чунин кор ақлаш расад; ин кори бузургон, падараш ёд додагӣ, мегўянд.
— Наравед, дигаронро аз роҳ надоред...
— Ман кистам, ки шуморо аз роҳ медорам? Ист гўед, меистам, рав, гўед, меравам... аммо ҳозир не. То писарамро наёбам, намеравам... Агар хоҳед, кўчи моро баред, писарамро пайдо кунам, аҳлу аёл аз пас меравем...
— Лашу луши шумо ба ман чӣ лозим? Равед, кўчатонро фароред!!!
— Чӣӣ? Чӣ гуфтӣ? Лашу луш гуфтӣ? Чӣ хел лашу луш? – чашмони Умарбек ба косаи хун гашта буд ва айёми офтобзард онро равшан дидан мумкин буд, ў ба ҳамон шасте, ки хест, хост аз гиребони бригадир гирад ва дар танҳоӣ қусури бехобии имшаба, алами зодгоҳи аҷдодиро партофта рафтан ва товони гум шудани писарро аз ў биситонад: «Ман ба ту намеравам, нагуфтаам-ку, калон! Ту мефаҳмӣ, ки писарам гум шудааст... Барои як торсакӣ задани ун ронанда қариб неши кордаш карда будам, ҳоло ў гум шудааст, ту бо ман лаф-лаф мекунӣ... Ҳай гў харата!... Намеравӣ, будааст, ҳама палоракиҳо раванд, ман дар ин ҷо чӣ кор мекунам?
Зоғи сиёҳ барин ба сари лошаҳо «қоғ» мегўям?... Шумо кай аз доду фарёдатон мемонед? Шумо инсоф доред ё не?! Наход ҳама умр калон ба хурд дод занад? Наход ки ҳама умр мо ҳарфи шуморо гўш кунем? Як бор шумо ҳам сухани моро гўш кунед, охир!»
Зани Умарбек омад, духтараш ҳам омад ва бригадир шарм карда бирафт: «Чашми шумо дар куҷо буд, ки гум шудани ўро надидед? – ба онҳо гуфт Умарбек, вале ба ҳарфи ў ҷавоб намедоданд, балки гунаҳкор барин сархам меистоданд. Модар ба чашмони шавҳараш, ки ҷуста писарро наёфта буд, бовар накарда ҳама ҷоро аз нав хабар гирифт ва пайдо накард, рўйи ҳавлӣ баҳузур нишаст ва худ аз худ гиря оғоз кард. Магар аз ин кўчокўч сари дилаш пур шуда буд, ки акнун холӣ кардан мехост ва ё алами нагуфтаашро ба воситаи гиря мегуфт...
Аввал садои як мошин баромад ва сонӣ маслиҳат кардагӣ барин мошинҳо баробар садои дурудароз доданд, ки хабари ба роҳ даромадан буд. Сигналашон қатъ мешуду боз давом мекард, аммо ба роҳ намедаромаданд. Ва Умарбек дарёфт, ки барои ў садо медиҳанд, ба сафар даъват мекунанд. «Хоҳед, шумо нишаста равед, мо аз пас меравем», гуфт мардак ва ҳамин вақт чунон баланду талх дод зад, ки шахи зери тўпхонаи Ботурхўҷа акс гардонд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор