Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Чӣ хел забонатон рафт, ки ин гапро гуфтед, маардаак? – бо гиря роз гуфт зан ва духтар модарашро оғўш карда мотам гирифт.
— Хезед-э, бар зодатон қусур, Аҳмадбек намурдаастку!
Духтар сахттар ба модар часпид.
Мошинҳо боз баробар садои дурудароз доданд.
Умарбек гўшҳояшро дошту сар дод, дошту сар дод ва ҳоло ҳам садои мошинҳо идома дошт: яке садои баланд дошт, дигаре паст ва сеюмӣ хиррӣ, гўё барои садои баланд дилу ҷигари солим надошт. Мардак хуб ба садо гўш дод, сонӣ сўйи кўҳ рў овард, гўё дар ҷавоби садои мошинҳо гуфт:
— Не! То писарамро пайдо накунам, ба ҷое намеравам!!!...
Модар, ки рўйи замин менишаст: кўдакона пой мезаду ғаш мекард, чашмонашро пўшида менолид, ки писарашро пайдо кунанд: «Пеши пот мурам, куҷо шудӣ? Наход, ки ман туро 6а гургони кўҳистон партофта, сайру саёҳат равам... Ҳооой пешмаргат шавам, Аҳмадбек...»
— Дамата гир, занак! Аҳмадбек намурдааст, ки нола кунӣ!

пешина
аз 393
навбатӣ