Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ЯКГЎША

Ҳанўз андар дараи Ёс барф наборида ҳаво сард шуд. Шояд сардии барфи қуллаҳои дур бошад, ки бод меорад. Ё сардии борони дуввум, ки имсол дер омад. Ва ҳолиё сим-сим мерехт ва либосҳоро тар мекард ва гаштро душвор. Нам ва қатраборони хасҳо ва буттаҳо ва шохи дарахтону гулхорҳо эзор ва пойпўши сайёдро тар мекард ва зиёда меғу туман. Ниммўзаи резинии поям чандон боронманъ набуд, ҷуробҳоям низ тар шуданд ва камари ҳезумдоре набуд. ки оташ афрўхта гарм ва хушк шавам. Камон ва чодаракро ба Имоми роҳнамо ва ҷойошно супурдам ва баргаштам ба ҷойи мошинист. Бо дараи Челонзор шеб рафтам ва рўйи об шудам. Булдозер роҳро ҳамвор ва тоза карда, асари дандонаҳои чархаш боқӣ мондааст. Ҷо-ҷо сангҳо ковок шудаанд. Дар чунин шароит кадом савобталабе чунин кор карда бошад. Аз дараҳои боло ягон-ягон садои тир меомад... Ногоҳ чашмам ба ҷавоне афтод, ки баробари садои тир гўшашро медошт ва як бор сўйи об хам шуда боз қомат рост мегирифт ва машғул буд бо чизе. Ба баҳонаи дам гирифтан ва нафас рост кардан буни санге нишастам. Ва зеҳн ба рафторҳои ў мондам. Ба назарам якгўша менамуд ў. Ҳайратам афзуд ва таваҷҷўҳ кардам дер. Хам мешуду рост ва гоҳ-гоҳ паси харсанге, ғўте пинҳон мегашт. Аз ман на, гўё аз тамоми махлуқи рўйи замин мегурехт ё пинҳон мешуд, то гўши буридаашро набинанд. Балки гўши ў бурида набуда, ба назари банда чунин тобад, ки то имрўз гўшбуридаро надида будам. Сарбурида, дастбурида, побурида, забонбуридаро дида ва олотбуридаву синабуридаву гўшбуридаро шунида будам. Аз он ки ў набинадам, бо буни ғўту харсанг пештар омадам. Ў хам мешуду рост ва пинҳон аз касон чизеро меҷуст аз буни сангҳо. Ба назарам худро ба касе намуданӣ набуд, ки бештар хам мехўрд ва ба гирду гўша дида намечаронд.
Воқеъан, гўши росташ бурида буд аз бех. Инсони дар шакл номукаммал метофт аз паси сар. Вале ҳанўз аз пешрў надидаам, ки чун менамояд. Чизеро пай бурд, ки хамтар шуда ба роҳ нигарист ва ман худро паси санг кашидам. Аз тор садои тир баромад ва ў гўшҳо бо кафон пахш карда нишаст. Наздиктар омадам. Ў даруни об даст ба хаволу хами сангҳо мезад, гоҳ холӣ мекашиду гоҳ ширмоҳӣ мебаровард ва ба халтае меандохт. Дарёфтам кори ўро ва шерак шудам, ки пеш рафтан имкон дорад. Зеро ў аз пайи ризқу рўзӣ будааст. Ақлкостагон барин остини ҷома бар назада даст ба об меандозад; домону шолвораш низ тар.

пешина
аз 393
навбатӣ