Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Имом омад, мегўям!
Баракс зонуяшро сахттар оғўш гирифт, ки мегурехта бошад.
Имом наздик омад. Хаставу тар буд. Ҷавонро дида ҳайратзада ҷониби ман ишорат кард ба имои сар, ки ин ҳамроҳи ту чӣ кор мекунад. Ман низ сар ҷунбонидам, ки дар оташ гарм мешавад.
Вале ў парвои тарӣ ва гарм шудан надошт, балки дуртар аз оташ менишаст.
— Ин ошнои маро аз куҷо пайдо кардед? – муроҷиат ба ман ва ишора ба ў кард Имом.
— Ҳамин ҷо рў ба рў омадем. Ҷавони аҷиб будааст. Агар ў набуд, кори ман расво мешуд. Ҳатто оташ афрўхта натавонистам.
Мадад кард.
— Ин зўр...
Ў сар боло кард, ки ҳолиё Имом лаб ба қисса мекушояд ва асрор ҳувайдо месозад. Ва ҷаста хеста пеш омад ва ба гўши Имом фиччонд: «Боз нагуўӣ, ака...»
Имом сар такон дод: «На!»
Якгўша низ ба ҷойи миннатдорӣ сар андохт. Ва аз пеши назараш қисса гузашт, ки хубтар аз ў касе намедонист:
Ў дўст медошт Паривашро. Париваши сиҳиқомати нозукро, ки рухсори бўсанадидааш арғувонӣ буд ва ин ҷавон намеёрист лаб наздик барад бар он рухсор. Гоҳ-гоҳ мувофиқ афтад, пинҳониву баҷойӣ аз чашми бад ва наздикон ё лаби рўд мефаромаданд ва ё сияҳгўшу лолачинӣ мерафтанд ба дараи Ёс. Рафторашон покизатар аз ин чашмаоб ва нозуктар аз сабзаву шукуфаҳо буд... Ва рўзе гурўҳи аҳриманиро дучор омада паси ғўту харсангҳо пинҳон гаштанд. Лекин чашми бад дидашон. Ҳарчанд фирор карданд, ба даст афтоданд. Низомипўшони мусаллаҳ, ки дастаи ғоратгарро мемонданд, ба зорӣ, илтиҷо ва гиряи онҳо нигоҳ накарда, бурданд назди камондор. Хурдакаки лўндаяки каллакалоне буд ва ҳайаташ сарфавҷҳои артиши бузургро мемонд. Имо кард, ҳама баромаданд.
Ў дер ва зиёд нигарист ба онҳо навбат ба навбат.
— Дар паси ғармаҳо чӣ кор мекунӣ, малиш?
Ў посух гуфта натавонист ва дастагули парешону канда-канда ва шохчашикаставу гулбаргаш рехтаро ба камондори аз худаш ба қомат пасттар ёзид.
— Ту чӣ кор мекунӣ?
Париваш низ чунон кард, ки ёраш карда буд.
— Ин гулҳо барои чӣ?
— Фардо 8 март, барои модарамон! – баробар посух доданд аз дили соф.
— Шумо ҳоло ҳам дар банди чунин идҳову ҳангомаҳо. Кўред, мо дунёро дигар кардем, намебинед?! Кадом бобову бибит гул тақдим карда буд, ки ту кунӣ?
Онҳо мусичаҳои бегуноҳ барин гардан фурў кашиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор