Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Камондор ба писар чандон эътибор надод, аммо хеле бодиққат ва дароз нигарист ба духтар. Париваш аз нигоҳи гургонаи ў чу барраи тарсу фурўтар шуд ва ба ҳамроҳаш гўшаи чашм андохт, ки аз нигоҳи ин ғилдирак чизе пай мебарад ё на.
— Ин бачча кӣ мешавад ба ту?
Париваш нашунида гирифт пурси камондорро ва боз сўйи писараки навхат зеҳн монд, то ў посух гўяд. Писарак низ хомўш буд.
— Ин сў нигар, ба ман! – аз зери манаҳи духтар даст андохта ва рўйи ўро ба хеш тофтанӣ шуда фармуд камондор.
— Нарас! – фарёд зад писар ва дастагул бар ў андохт.
Малиш аз занахдони нозуки Париваш даст нагирифта пурғазаб сўйи писарак нигарист.
— Сағира, маро Малиш мегўянд! Ту бо кӣ шухӣ дорӣ?
Дасти рост, ки бар занахдони Париваш дошт, бо дасти чап гўши рости ҷавонписарро сахт дошт ва парчин кард. Писарак аз озори сахти гўш пой бар замин тира карда қомат афрохт, то гўш аз чанголи Малиш раҳо кунад, вале дасти омўхта ба чунин корҳо анбўрвор тофта буд. Писарак гардан тофта банди дасти Малишро газиданӣ мешуд, наметавонист. Ва чунин рафтори ў камондори хашмиро зиёдтар ба хурўш овард. Вай даст аз занахдони духтар баргирифт ва дудама аз наёми миён баркашида рост ба бехи гўши писарак бурд ва шартӣ аз бех бурид. Хуни тези навҷавонӣ шорид бар гардану китфи рост. Фарёди талху баланди духтару писар баробар боло шуд ва гўши бурида дар дасти Малиш монд.
Ҷавонписар бо дасти рост гўш пахш мекард, то хунро боздорад, хун аз миёни панҷа мезаҳид.
Париваш хештан бар ёраш андохт, то даво бахшад, вале панҷае бар мўйи сараш омада, пас кашид. Зери манаҳ, гардани сафед ва чоки гиребони сарсинаи ў ба чашми Малиш омад. Чу даррандаи ба хашм омада чашм танг кард. Аломати ниҳояти ваҳшоният ва ҳолати хунхории ин дарранда буд. Гўши бурида ҷониби Назрӣ дароз кард. Ў нагирифт, ки дигар пайванд нагардад.
— Бигир! Бихур!
Назрӣ ҳайрон ва гаранг; як чашм ба гўш, чашми дигар ба Малиши дамида, чӣ кор карданро намедонист.
Малиш гўш бар рўйи Назрӣ зад. Он ба замин афтод. Аммо дар баробари дарди гўш ҷавонписар ҳеҷ озоре дарк накард.
— Акнун ҳалол шуд... Бардор!
Назрӣ дергоҳ ба гўши беҷон нигарист, вале кароҳатдор дониста, набардошт: «Ҳаром шуд...»
Малиш ин ҳарфро ба тавру фаросати хеш фаҳмид ва кашидаву кушода ўро ба лагад зад.
Назрӣ пеши дарди гўш лату дардеро эҳсос накард. Балки Париваш дод зад:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор