Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Зўре надорад, ки истодагарӣ кунад. Ё дастгираке нест. Кори мурдаҳо дониста, сахт ҳаросид. Зеро инсон аз мурда зиёдтар тарсад аз он ки аз зинда: «Рўйи Замин мурдан беҳ буд; ҳатто аз тири он нокас бошад ҳам.»
«Куҷо шудӣ?!»
Дер боз садо набароварда буд. Ба ҷойи садои ларзонаш овози дилбазан ва ҷонситони автомат мебаромад.
Дар зери об ва биму ҳарос базўр шунид садояшро. Аммо садои мусалсали автомат, ки гувоҳӣ аз ҷаҳлу ғазаб медод, раъдосо баромад. Баъд кўрсадо барин зери об хомўш гашт. Зўр зад ў, то аз об боло барояд; на пояш ба қаър мерасид, ки тела диҳад; на зўре дошт, ки рўйи об шавад; на ҳунаре дошт, то шиновар гардад.
Нури чароғи «Камаз» лаҳза ба лаҳза кам мешуд.
Ва камондор гирди мошин мегашт дуздона. Автоматро оғўш карда, ки ягона умеду балогардонаш ҳамин. Аз чарх то чархи мошин гурбасурат мегашт муш пойида ва ҳис намекард, ки ин «Камаз»-и пуркори дербоз дасти усто надида чӣ қадар равғанин, бўйин ва пойҳояш суда гашта, ки ба андак нам рўйи хок фир гардад. Аммо пайдо нест муше, ки худро дар ягон сўрохӣ ҷой кардааст. Аз ин рў ў гашташро метезонад, ки шояд дарёбад он ронандаи камсухани дарундорро. Худи ин гурбаи бахашмомада «мияв» гуфта наметавонад, ки замона ҳама ҷо гўш, вале ҳама ҷо кар. Ба ҳар ҳол мили автомат пеш-пеш мегардад ва ў гўйӣ ҷойҳои бехатар гардондаи онро пай мезанад.
«Ёр!»
Чунин номида буд худашро. Аз ин рў чунин ном гирифта паст садо баровард. Дареғ, ки ба гўши касе нарасид садояш.
Нўги автомат хамида атрофро хабар мегирифт ё мехарошид, ки агар афтида ё аз тири автомати берабти ў фавтида бошад, бармехўрад. Чун чизе пайдо накард, паси мошин гузашта, гўё аз торикӣ нигарист сўйи равшаноӣ, ки дар танаи мошин ё зери он баҷо шуда бошад, метобад. Набуд. Ба бордони лаклакистода низ нигарист.
Ҳамин қадар донист, ки нури «Камаз» оҳиста-оҳиста кам мешавад чун мадори пойи ў.
Баъд ба ларза даромад пояш, танаш: «Ман ҳам мурда...»
Вале андаруни об Ёр садои ҷеғ задани шарикашро нашунид.
Фақат як бор сар аз об бароварда аранге хираравшаниро бурида гузаштани суроберо дид. Боз зери об шуд. Аммо аз зеҳнаш гузашт, ки душман ўро меҷўяд: «Беҳ, ки Бало хўрад!»
Балое номаълум харошид пояшро. Фаромўш гашт ин андешаҳо.
Андешаи дигар омад: «Бояд зист...»
...ва аммо чизе дом андохт ва пояшро пучид; тагу боло неш зад, ки қапқонӣ шуд. Агар пойпўши кирзи низомипўш намебуд, сўрох мешуд пояш.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор