Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сахт кашид, то раҳо ёбад. Аммо ҳар чӣ буд сахттар пахш кард. Ёри тиҳидастро лозим омад андаке даст пеш бурда донад, ки чӣ корест. Зеро садо баровардан бадтар аз марг буд, ки душмани хонагиаш аз буни «Камаз»-и худаш тир бар пешонии ў мезанад.
Ва ҳар чӣ буд, тоб дод; ғел гардонд. Ў ҳанўз даст ба Бало назада ва чизеро муайян накарда, шиканҷа оғоз ёфт. Чархофалак шуд андаруни об ва ёрои фарёд задан ва ё нафас гирифтан набуд. Аранге ёдаш омад, ки тимсоҳҳои азим дар наҳрҳову канори баҳрҳо фурсат мепоянд обхўрӣ омадани сайдро. Чун сайд ба об меафкананд, аз пояш дошта худашон гирд мегарданд ва рон аз тани ҷонвар ҷудо карда фурў мебаранд. Ҳолиё ҳароси Ёр чунин буд. Ҳамин лаҳза ҳама чизро фаромўш карда, гоҳи рў ба осмон шудан дод зад ва ҳамон лаҳза садои тир баромад; қаторак баромад.
Зўри ҷонвар суст шуд ва пас лағзида пойпўши ўро бурд....
Таги об рафт Ёр. Садои тирҳои борониро намешунид...
Чун рўйи об омада, зинда буданашро донист, аз наздикии «Камаз» садои ҷаҳида бозпас шалаппос ба об афтидани чизи гаронвазн, ки ҳама оби наҳрро ба лаппиш овард, ба гўш расид.
Ҳамин лаппишу мавҷ ўро низ канор андохт ва дасташ ба кокулони беди маҷнун расид. Дошт. Ва ларзише пайдо шуд дар танаш: «Чӣ коре буд?»
...Хушк шуд ҳалқи камондор. Сахт ташна монд. Аммо ташнашикане набуд. Мили автоматро сўйи хок кашол карда, гўйӣ мина меҷуста бошад, ба ду тараф ҷунбонида, пойҳояш аз беёдӣ, аз хастагӣ, аз беҳушӣ ва ё аз бепарвоӣ ва ё аз ҷон сер гаштан...
лағзида-лағзида лаби об мефаромад... Ё шояд аз он ки ду-се бор нохунаки (куланг) автоматро пахш карду вай садо набаровард; танҳои танҳо монд ва ё яқин дорад, назди эшон баргардад, худи ўро «моҳидорӣ» мефиристанд.
Худи автомати забондон, ки ҷони беҳисоб касонро ноҳақ ситонидааст, аз дасти ў раҳо ёфта, шорида ба об рафт ва камондорро аз паси хеш то дами об фаровард. Гарчи ҳавои сарду серун расида буд, ўро арақ пахш кард. Зеро ҳис мекард, ки чизе телааш дода лаби об мефарорад. Ва боз ҷавобгарии автомати ба ў бовар карда додаашон он сў мекашад. Пайдо накунад, ҳамчун хойин, ҳамчун саг кушта хоҳад шуд.
Бо ҳазор андешаю хаёл тахминӣ ба ҷое даст андохт, ки дар торикӣ, ба назараш, автомат ҳамон ҷо лағзида фуромада буд.
Садои паст баромад ва як қад парида ба пас нигарист, ки Ёр пайдо шуда, беяроқ будананашро дониста, аз паси сар зада ё тела дода ба об меандозад ва ў ҳамроҳи ҷасадҳои ба об «лайлак» кардааш...
... валек риштаи андешаашро зарбаи даруни об барканд...

пешина
аз 393
навбатӣ