Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

ОСОБИ БЕОБ
(дар ҷое, ки ҷанг набуд)
Сабабгори ин ҳама ҳангомаҳо Эсуфча. Чунон ки худаш гўяд:
«Юсуфча не, Эсуфча.» Эсуфчаро баъди гурезогурез дошта ба маҳбаси Шаҳристон оварданд ва ў ҳамаро ба бузбозӣ андохт, ки ман ба ягон ҳукумат итоат накарда, ҳукумати хешро сохтанӣ шудам, ба назди шумо меҳмон карданд. Чунин ҳарфҳо ба касони дар ин манзил зиндагӣ карда нафорид, бо вуҷуди он Рўйинро таъсир кард: шабҳои аввал гуфтаҳои Эсуфро хоб медид ва орзу мекард, ки озод шуда барояд, айнан Эсуф барин рафтор мекунад; боз ба худ меомад, ки ў Эсуфча барин дову дастгоҳ надорад: на заводи арақ, на фабрикаи мурғ, на мошинҳои қаторикориву хидматӣ...
Ба ҳар ҳол...
Дар ҳамин ҷо ҳам Эсуфча ба онҳо кўмак кард: озод гардонид маҳбусонро.
Бисёр хоби дароз аст ин, ки шояд бедор ҳам нашавад:
Бо ҳама андешаҳое, ки андаруни маҳбас дар сар дошт, аз зиндон раҳо ёфт. Ба озодӣ баромад. Ва ин лашкари пиёда ҳамсони мўру малах дашту биёбон ва боғу роғ, рустову шаҳракҳоро он қадар пахш карда гузашт, ки бинандаи осмониву заминӣ пиндошт ҷондоре намонд дар он мавзеъ. Баракси ҳол мўре озор намедид дар юриш ва ҳар чӣ аз дасти ин сипоҳи бешумор меомад, мадад мекард; аз ин рў пиру барно ва ҳатто занону духтарон ба ин лашкар ҳамроҳ мешуданд, ки орзуи аҳли башар дидани чунин як сипоҳи адолатпеша буд ва он рўз расидааст, ки чунин ҳомиву сарвари хешро мебинем, ки адолатхоҳтар аз Ленин аст. Мераваду меравад ин сипоҳи беяроқу аслиҳа; беливо, белибоси низомӣ ва оҳиста-оҳиста дар рафти юриш бол бароварда, дамида сўйи марказ мераванд. Аммо дили қаҳрамони армонии мо дигар аст: вай ба ҳеҷ ҷамъият бовар надорад: «Яке баччаи дигаре» мегўяд; «агар он бад набуд, бадбачча нарўйида буд» мегўяд ва дилу сараш аз қасос ва ҳазор андешаи бад озод нашуд. Сари синааш пур буд чу пуффак, ҳолиё ё оне пас бояд битаркад; мили вақт ба рўйи кадом нуқтае гузошта шудааст ва чун дарёбад, бояд битаркад. Кӣ озод кард онҳоро намедонад, аммо медонад, ки аз дарвозаи фарох кушодаи маҳбас баробар ҳуҷум карда баромаданд, ки ақрабаки соат ба нуқта наздик омад, ин замон бояд ин мавзеу сари синаи ў битаркад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор