Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Як ҳайкали тар аз даруни об парида бурун омад ва бар қадаш рост шуда, бозпас ба об рафт ва ин меҳмони нохондаро ба бўстонсаройи қаъри наҳр бурд.
«Ёр!»
Ҳамин қадар овози нимхиррӣ бароварда тавонист. Гўё ин кори ҳамроҳаш: «Мо душман нестем, лекин ту аз Элок он тарафӣ ва ман ин тараф» мегуфт.
Аввалин бор ба сари камондор зад, ки ин ҳама хархашаву пархошҳо чӣ маънӣ доштааст; пурра не, аранге ба сараш зад; он ҳам ҳамон аз нафаси сарди обпош ва танаи лағзони дади ноаён ба сари ў зад, вагарна хотири гумгаштаи ин бангӣ зўре надошт, ки ин қадар фикр кунад. Мағзи хушкшудаи ў як чизро медонист: пахш кардани куланги камонро. Ва боз ба ў омўхта буданд: «Камонро аз даст ба замин мондан мумкин не, гум кардан ҳам мумкин не!»
Лекин гум шуд.
Ба назари ў низ ҳама чиз гум шуд; ҳамин об, ки аз сари ў боло шудааст ва нафасашро мегардонад; бар замми он касе сахт аз банди пояш доштааст; ҳама чизро гум кард ва чун хонаравшанкунӣ шарорае дар мағзи сараш афрўхта гашт оне, ки барбеҳуда он ҳама дағдағаҳо...
Бало гирд гардондаш. Чашм, бинӣ, даҳон пури об; намебинад, намешунавад, гуфта наметавонад... Ҳис мекунад, ки варам мекунад ва ҷондори пурзўре – зўртар аз ў, бузургтар аз ў ва зўртару бузургтар аз ҳама ёронаш ўро гирд мегардонад. «Ин Худост!» Зеро ўро таълим дода буданд, ки танҳо зўри Худо ба эшон мерасад; дигар нерўе нест, ки панҷаи муштгаштаи онҳоро қат карда тавонад.
Як бор ларзид баданаш аз ғалаёни андешаи пурзўр ва ҷонвар ин чизро муқобилият пиндошта чунон газид, ки душману худро бардошта рўйи об баромад.... аммо дунёи рўшанро дида натавонист...
Ёр паси буттаи газгул нишаста ҳама садоҳоро мешунид, аммо ҳама чизу воқеаву ҳодисаҳоро дида наметавонист. Зиёд шикастани моҳи нопурра ва ситораҳоро дар об мушоҳида кард. Ришта-ришта каму хомўш гаштани чароғи «Камаз»-ро дид. Акнун аз ҷониби Офтобнамо хамёза кашидани пардайи бунафшро мебинад. Тарҳи «Камаз» ҳам менамояд, ки бордонаш баланд ва намегузорад, ки кас шаҳри пуртаҳлукаи бехоб, пурошўб, пурхавфу хатар... вале хеле зебову сабзпўшро бубинад.
Ёр бо забонаш захми хуншори пояшро чун хирс ё чун саг лесида муолиҷа карданист, аммо хосиятҳои табобатии ин чизро намедонад...
Амондара, 5.02.05.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор