Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

То он ҷо росто рафта намешавад, синамол бояд рафт.
Даст ёзида, оҳиста-оҳиста хокро панҷакаш карда, камони дар матои клёнкагӣ печидаро бояд баровард. Вале ҳаст ё на?
Инак Рўйин хешро ба қаҳрамонони афсонавӣ ё замони барпошавии давлати Шўро, ё фидоиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ монанд мекунад, ки ё аз китоб хонда буд ва ё аз кино дида буд. Гўё барои ин кор таҷрибае дорад, ки касе надорад. Аммо дар бораи ҳукумати муваққатӣ андеша надорад. Бо кӣ ҷангиданро ҳам намедонад.
Нааа, ў ҷанг намекунад, ҳимоя мекунад.
Ҳоло дар ин ғор маъво гирифта наметавонад: дур. Нохалафе ба деҳа ҳуҷум оварад, ҳимоя карда наметавонад. Дар бозгашт гуми Пулакро дид ва дилаш гум зад, ки баччагиҳояш даруни оби ин гум гузаштааст. Аз Гили бўта кулўхе оварда ба ҷойи собун ба сару танаш мезад ва хушбўй шуда ба хона бармегашт. Ҳоло мехоҳад ин чизро, аммо гили хушбўй надорад: «Вақташ меояд».
«Ана ин особи кўдакиҳои ман...» Низ ёд овард, ки ҳамроҳи падару модар дар солҳои қаҳтии Ҷанги Бузург шабҳоро дар ин ҷо рўз мекард ва падари нотарсаш нимашабон бедор шуда Особро сокиту ором дарёфта «Ҳа, бадбахт, боз омадӣ?» гўён аз дар берун мебаромад. Ояте аз «Қуръон» хонда куф мегуфт ва ҷинро аз паррадон меронд ва парраи аз дасти Бало раҳо гашта боз давр мезад.
Ҳамин особ бадтар аз ғор чангу танаи анкабуд баста, ба як ёдгории замони Доқёнус монанд гаштааст ва касеро лозим нест.
Беруни особ, рўйи санги рў нишаст ва ба ҳеҷ куҷо на, ба дари канда, боми алафбаста ва андовааш рехта нигарист; хам шуда чарху парраҳои пўсидаи онро хабар гирифт ва худ аз худ сар ҷунбонд. Даруни хона низ ғажд буд, хар ҳам бастаанд, саг ҳам...
бисёр баду бадбў...
«Баъд аскарбаччаҳоро меорам, тоза мекунанд...»
Тоза ҳам шуд ва Рўйини танҳо он ҷо мезист ва Чўгурро дар санги берун мебаст...

Рўйин аспи чўгури ҷувозиро савор шуд ва камони панҷтираро ба китф овехт. Тозиёна зад аспро ва андар дарвозаи деҳ инони онро кашид. Пой ба рикоб тира карда қомат баланд дошт пушти зин; ва даст ба пешонӣ лапар карда ба роҳи ҷониби Зарафшон нигарист. Чармина ва шапка намерасид. Дигар ҳама монанд ба саворони пешин. На, ў савори замони осоишта. Пасон асп мондан омўхт: аз тори теппаи Муғ метохт то тори теппаи Шоён, аз болои теппаи Шоён асп медавонд то болои теппаи Муғ. Чун посбону дидбонҳои замони қадим, ки аз теппае ба теппа пайку хабар мефиристоданд, рафтор мекард. Аммо мардум миш-миш доштанд, ки девона шудааст; дар ҳабсхона зада-зада майнаашро айнӣ кунонидаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ