Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Валек Рўйин роҳи дигар мепойид: ў танҳои танҳост. Роҳи зану фарзандонашро мепойид... Ба қавли Акбари Паррў душман чӣ кор кард бо онҳо? касе чизе намедонад. Шояд хабари бозгашти ўро шунида пайдо шуда оянд.
«Фақат ин не, душман меояд, албатта душман меояд. Ё бо нону намак ё бо тир ўро пешвоз бояд гирифт.»
Мақсаду муроди ин марди ҷабрдида ва талхии рўзгор чашидаро ҷуз худашу Худо касе намедонист. Чунон дамбадарун, хомўш ва андешаманд гашта, ки аз Рўйини даҳ сол пеш танҳо сурат монда.
Спитамони суғдӣ барин лачак баста аз ин теппа ба он теппа метозад, ки ватанро ҳимоя бояд кард. Аммо таги дилаш тамоман чизи дигар мегўяд: «Зану фарзанди ман куҷо шуданд? А! Амаки Акбар! Куҷо шуданд онҳо?!»
«Охир, ту медонӣ, ки душмандор будӣ?»
«Медонам, лекин ман душман нагуфтаам онҳоро. Онҳо маро душман донистанд; ҳама камомади колхозро ба сари мани ростгўй заданд.... дигар сар бардошта натавонистам... Лекин акнун...»
«Бо онҳо баробар нашав. Онҳо як навъ хазандае, ки ба ранги замин ранг гардонда...»
«Бўқаламун...»
«Медонӣ-ку худат. Ман намедонам, ки ин қабил касон дар он дунё чӣ ҷавоб медиҳанд?»
«Ҷавоби онҳо тайёр: дар ин дунё, ки таги пўсти шайтон даромада метавонанд, дар он дунё ҳам таги пўсти пурсандаҳо ҷой мешаванд.»
Лачаки ў на сурх, на зард, на сапед; ранги офтобро монад, ё тиллоро. Мароқангез аст кўдаконро: аз паси ў мераванд тозон ва аз чўб асп сохта миёни пой гирифта «ҳа чу!» гўён тозиёна мезананд бо химчаи борик. Ба назари онҳо ақлбохта тобад Рўйин.
Ба саръиёне монандаш мекунанд, ки ҳанўз ҳам дар кўчаҳои деҳа қадам зада аз номи Сталин ваъз мегўянд. Баъд ҳамин кўдакон овоза карданд, ки Рўйин дунёи нав месохтааст ва ҳама роҳбарони сохтаву бофтаҳои хўсамонандро аз сари курсии мансаб гирифта ба дарё меандохтааст. Ҳеҷ кас бовар накунад ҳам, роҳбарҳои деҳу колхоз тарсида дар мушхонаҳо руст шуданд; бо роҳе, ки Рўйин бонӣ мекунад, ба маркази ноҳия нарафта ё аспакӣ наҳрро убур мекарданд ва ё Ҳафтзағорахўру Шингакро давр гашта рафту омад мекарданд ва раиси омадаву нишонда ҳамон рафтааш то ҳол барнагаштааст. Ҳозир барои онҳо деҳу колхоз аҳамият надорад.
Ба Майдон бояд рафт. Дар он ҷо худнамоӣ бояд кард ва сардори оянда шудан аз ҳамон майдон боз як майдони дигар вобаста аст. Аз ин рў ба омадани Рўйин ва нағмаҳои росту дурўғи ў касе аҳамият намедиҳад. Баъзеҳо гап кардаанд, ки бечораро хуб дар зиндон саркўб карда майнаашро палағда гардонидаанд.

пешина
аз 393
навбатӣ