Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Замин сахт, осмон баланд. Гуфтаҳои Эсуфча дурўғ; на касеро ғорат карда мешавад ва на чизе ҳаст, ки ба мардум диҳӣ. Роҳи оҳан ҳам аз ин ҷо дур...
«Ҳоло Эсуфчаро бинам...»
Нахуст кори кардаи Рўйин особро гардон кард: симу симчўб пайдо карда то особ кашид. Нерўи барқ овард. Санги онро бо нерўи барқ гардонд ва особ идгоҳ шуд. Ана занҳои шавҳарашон ба Майдон рафтаро мебинӣ, ки «муштакам орд шавад» гуфта шабу рўз атрофи гирдсанг мешинанд; онҳо дар навбати об чунин одат карда буданд, инак дар навбати особ шабҳоро рўз мегардонанд.
Санги особ аз пештара тез гардад ҳам, мардумро қонеъ кунонида наметавонад. Мардум ба орди магазин одат карда буданд; навъи дуввуму саввумро назарашон намегирифт; особ ҳам аз кор монда буд ва касе гумон надошт, ки рўзе ин парра чарх мегардад.
Эътибори Рўйин боло гирифт. Вале касе бо ў ҳамсўҳбат намешуд, ҷуз Акбари Паррў. Рўйин ўро бардошта ба дари особ овард ва фармуд, ки дами дар хоб меравӣ ва намегузорӣ, ки мардум бетартибӣ кунанд. «Аз касе ҳаққи борашро намегирӣ. Мо дунёи дигар месозем. Дунёе, ки яке ба дигаре рўйи ниёз наорад.»
«Ҳама чунин гуфта ба сари қудрат меоянд... Баъд....»
«Баъду сонӣ надорад. Қавл якто... Худо якто!»
Ва корҳоеро сомон медод, ки Эсуфча ҳикоят карда буд: ба истгоҳи поезд мерафт; бори вагонҳоро ба «Камаз»-ҳо бор карда, фармон медод, ки Шодмондара барад ва тақсим карда ба мардум диҳанд. Чунон ҳам мешуд. Сонӣ ҳама ҷавонон орзу мекарданд, ки Рўйин шаванд. Аммо Рўйин хавф ҳам дошт, ки дубора чун Эсуфча ба ҳабсхона наафтад. Чунки ў тақлид ба ин маҳбуси нав карда роҳзан шуд; яғмогар шуд ва нон аз хони дигарон мерабуд. Хуш намеояд. Аммо роҳи дигар нест. Рўйирост меҳнат карда зиндагиро сомон дода ва ё гушнаро сер гардонида намешавад.
Кадоме аз пулдорони шаҳрнишин – додарарўси ҳоким говони фермаро як-як бурда ба қассоб супорида будааст; ин то омадани Рўйин. Акнун ният доштааст, бинои фермаро харида, вайрон карда, хишташро ҷудо, плитаашро ҷудо, оҳанашро ҷудо фурўшад... Аммо бо Рўйин дучор омад ў. Як даст гирифтанд. Рўйин зўрӣ карда бошад ҳам, аз дасти онҳо халос хўрданаш амрест муҳол.
Фардои он рўз, гоҳи дар теппаи Муғ дидбонӣ карданаш дид, ки ҷипҳо пасу пеш омада андар даромади деҳа қарор гирифтанд ва аз баъзе касон чизе пурсиданд, ки онҳо ба аломати «намедонам»
китф дарҳам мекашиданд ва эшон ба сари онҳо мешўриданд, ки шумо як гурезаи ҷинояткорро пинҳон мекунед.
Ҷипҳо сарболо шуданд сўйи особ ва соате баъд сўйи шаҳр бозпас рафтанд.
Рўйин омад ва аз дур шевани занонро шунид, ки дами дари особро гирифта буданд. Халтаву тубраҳои хурду калон ва муштакҳо даруни оби ҷўй афканда буданд ва симҳои барқӣ буридаву кашол.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор