Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо дили Рўйин месўзад ба зодгоҳу мардумаш. Акбари Паррў мегўяд, ки ман се замони ҷангро дидам, чунинашро нав мебинам:
дар ҷангҳои аввал мардум ба ҳам меҳрубон буданд. Дар ин ҷанг ҳама аз якдигар рў гардонидагӣ, таги пойи якдигарро мекобанд.
Аллакай духтарҳоро ба савдо мондаанд, ки аскар биёяд, хоҳ-нохоҳ ба зўрӣ мебарад. Баъд шайтонбаччаҳои бидав пайдо шудаанд, ки шабона мошинро ба таги дари духтардор оварда, «духтарро барор» мегўянд. Набарораду рўзашро бинад. Зиёд шуд чунин ҳол.
Омадани Рўйин даму нафаси «ча-ча»-ҳоро гардонд.
«Балота гирам, Рўйин! Ҷуз худат касе ин мулкро саришта карда наметавонад».
Рўйин рўҳ гирифта аз чунин муҳоботи пирмарди пасрў хуфта, ки давои табиб, асал, шири гўсфанд кўмакаш накард. Акнун Рўйин андеша мекунад, ки таги чиҳил сол аст амаки ҳамсояро медонад дар чунин ҳол аст, вале касе ўро ростқомат карда наметавонад.
— Чӣ ёрӣ кунам, амак?
— Чӣ ёрӣ мекардӣ? Ҳама корро кардам, нашуд; на кўрмор монд, на ҷайраву хорпушт монд, на саг монд, на хирс монд; на гиёҳе монд, ҳамаро хўрдам, мадад накард. Як чизи дигар монд:
хок...
Рўйин сархам баромад аз кулбаи ў. Ва ёд овард, ки чӣ қадар дар зиндон орзу мекард, ки некӣ кунад ба мардум; аз дасташ ояд, умри дубора бахшад арзандагонро. Вале чунон дасти инсон кўтоҳ ва он нозўр, ки каси афтидаро бардошта наметавонад. «Худоё, худат ҳастӣ...» Лекин ин чизро баъди аз ҳабс озод шудан худ ба худ гуфт ва чун деҳа баргашта пайвандонашро пайдо накард, боз дилаш аз ҳама чиз монд.
«Худованд, зўрам бидеҳ, ки...»
Бори нахуст либосашро дигар кард; либоси ҳабсхонаро кашида, либоси барги чинорро пўшид. Ва акнун ё аз тарс ё аз эътибор дигар аз пасаш садои «гуреза, гуреза!» намеомад. Балки боэътибору боэҳтиром саломаш медоданд ва аз пасаш дергоҳ менигаристанд.
Аммо Рўйин бо касе сўҳбати бардавом намекард. Буданд касоне, ки ўро сари асп низомипўш дида паси дарахтон, паси деворҳо ва ё пушти мошину гову хари раҳгузар ҷо мешуданд; аз пасаш чиҳое мегуфтанд. Вале ў гирифтори кори худ буд ва ягон-ягон садо мебаровард:
«Наҳаросед, ман ҳомии шумо!»
Ҳамин хел гуфту гузашт, аммо касе бовар накард; зеро халқ гурусна, чизе надорад, коре нест. Дашт ҳасту об нест, мардум кор карда чизе рўёнида наметавонад; тамокуи хушк карда дар рўйи бомҳо ҳамел бастаашонро касе намехарад, ё насия барад, пул намеорад; ғорат шудем, роҳзанҳо ҳамаро бурданд мегўяд... Аммо бечораҳо дар пуштаҳо, ба умеди борони Худо побел карда дона мепошанд, ё йеми кафтару зоғон мешавад ё ноинсофҳои молдор шабона мехўронанд.

пешина
аз 393
навбатӣ