Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

аз замин чизе рўёнида наметавонад, Рўйин ордро аз куҷо пайдо мекунад, ки ба ҳамдиёронаш ройгон диҳад?
Баъд миш-миш ба гапу калоча табдил ёфт; мадади Рўйинро ба мурдаи Акбари Паррў ва дар тори гўри ў пайдо шудани майитаро қол бурида, гуфтанд, ки ин рўйинатан барои гуноҳи хешро харидан ва қотилиашро рўпўш кардан ин қадар ҷон мекоҳонад.
Чун ин қабил ҳарфҳо ба гўши ў расид, барои ором кардани хеш Чўгурро аз теппаи Муғ ба теппаи Шоён метозонд ва аз теппаи Шоён ба теппаи Муғ. Боз дар ин баландии дурнамо дер меистод ва ду ҷаҳонро муқойиса мекард: ин дунё – ғавғо, он дунё – хомўшӣ. Дар миёна пули сирот ҳам нест. Ин дунё – дўзах, он дунё
– биҳишт... Вале... агар моҷарои оншаба намешуд...
Вай бим надорад аз гўйишҳо, зеро бегуноҳии хешро медонад, вале чун ба худ ояд «Акбари Паррў чӣ гуноҳ дошт?» мегўяд. Дер қарор мегирад дар теппаи Муғ, ки албатта онҳо пиёда намеоянд; ё ҷип меояд, ё чархбол. Агар ин хабар ба волӣ расад, бо чархбол меояд, ки дар ин мулк ғайри ман кӣ будааст, ки бедодӣ мекардааст.
Аммо касе наомад. Зеро чунин савдоҳо ба касе лозим нест; коре карда мамлакатро соҳиб шудан лозим. Аз пайи тахту бахт бояд шуд, на аз пайи санги сахт.
Якбора аз сари теппаи Муғ канда шуда дар маҳбас пайдо мегардад ва дар ҷустуҷўйи Эсуфча меафтад, ки бадбахтча ҳамаро ҳизза гиронд: «Сарата хўрад тохтутозу ёрдамат...»
Ва аммо Эсуфчаро пайдо накарда, худи ўро пайдо карданд; албатта бо телефон. «Чархболе омада болои теппаи Шоён шишт!»
Ва гуфтугўй бурида шуд ва Рўйин мақсаду муродро нафаҳмида, осема гашт ва ҳазору як воситаро ба кор бурданӣ шуд, натавонист.
Чархболи кӣ ва чаро омадааст?» пурсиданӣ буд, нашуд. Ҳатто равшан набуд, ки аз куҷо? Телефони дастиро васл мекард, аммо садое намеомад.
Ҳамин хел занг боз чоштгоҳӣ омад. Матлаб рўшан нагашта, канда шуд риштаи сўҳбат. Гургони биёбонӣ тала карданд дарунашро. Зеро ҳама роҳҳо баста ба он маҳал, ҷуз чархбол чизи дигар рафта наметавонад.
Боз шомгоҳ занг шуду «Чархболи волӣ» гуфт ва қатъ гашт.
Рўйин васвос шуд. Буд-набуд, ахбор рафтааст; «чунин кору кирдор дар рўзгори башар нахуст рух дод» гўён худи волӣ камари ҳиммат бастааст. Бо ў сар ба сар шудан кори одам нест; дев ё албастӣ бояд буд. Бо вуҷуди он ҷазмӣ гашт, то бирасад ба диёр, ки гунаҳгорро монда бегуноҳонро ба шиканҷа мекашанд.
Бол баровард ў. Дарҳои маҳбас баста; ў рост сўйи осмон парид ва сўйи Шимол роҳ гирифт. «Худоё, кишвари мо ин қадар кўҳу барф доштаасту... ҳамаи пахтаи тоҷикро ба рўйи ин кўҳҳо оварда хобондагӣ барин. Абраш ҳам пахтаосо, барфаш ҳам...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор