Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва ў дер расид ба диёр; қариб нисфи умраш дар ин сафар гузашт... Чун наздик омад; рўду рўдхонаро ва дашти фарохро дид, майли теппаи Шоён накарда, якрост ба теппаи Муғ рафт. Оҳиста ва нарм фуруд омад; парвозу нишасташ садое надошт ва чанге боло намекард. Аз он баландӣ нигарист ба теппаи Шоён. Чархбол на, балки ғарам-ғарам ва тал-тал чизҳоеро дид, ки дар телевизор медид; агар ба сари ягон кишвар офате борад, мамлакатҳои осуда чунин «кўмаки башардўстона» мефиристанд. Ҳамон чизҳои талзада ҳамон давоиҳоро мемонад. «Рост будааст; чархболҳои хориҷӣ омада будаанд.»
Ва чӣ шуд, ки наврасон, тақрибан як саф лашкар, пасу пеш радда баста бо роҳи Гили бўта ҷониби ин фариштаи болдор метохтанд, ки нав болҳояшро ғундошта, одамсурат гашта буд ва як қади найза дуртар Чўгур кишна мекард. Аммо ў намедонист чӣ кор карданро, зеро сабаби ин қадар ҷигарсўз ҷонибаш тохтани онҳоро намедонист. Агар медонист, илоҷе мекард, ё Чўгурро савор шуда пару бол бароварда дур мерафт ва ё ба пешвози онҳо метохт, ки чӣ нияти нек доранд.
Ин замон як чархболи муҷаллои гўйӣ танҳо аз зарру зевар оро дода, аз болои кўҳҳои Шимол пайдо гашта, рўйи деҳаро давр гашт ва якпаҳлў гирд гашта рўйи теппаи Шоён рафт ва ҷойи нишастан наёфта, бозосо бол паҳн карда қарор истод дар фазо ва даричааш кушода шуда нардбоне нишеб шуд ва касе ба дар ҳозир шуда пурсид:
«Омад?!»
Ҳама он наврасоне, ки ҳайратзада аз тохт монда дар ҷойҳои ист хода гашта буданд, ҷон гирифта садо дардоданд:
«Омад... Омад!!!»
Ва рў ба теппаи Муғ оварданд.
Рўйин донист, ки чӣ асроре ҳаст. Ба ҳар тақдир гардани Чўгурро оғўш кард: «Ту аз чунин чархболҳо тезтактарӣ...»
Аммо пой ба рикоб нагузошта чархбол ба ҳаракат даромад ва тез ба теппаи Муғ расида, тори сари Рўйин ҳозир шуд, ки ҳанўз нардбонаш муаллақ буд.
Рўйин панҷтираро аз кўҳаи зин гирифт ва сўйи чархбол рост кард.
Марди ба дари боз ҳозиршуда даст афшонд:
«Рўйин! Ман Эсуфча!»
«Туро меҷўям, эй Эсуфча! Куҷоҳо мегардӣ?»
Посух ба пурс нагирифта чархбол бо шаст, ки омада буд, паси кўҳ шуд.
«Хуб пайдо мекунам, зуд аз даст медиҳам...»
Валек наврасони дар домани теппа қарор гирифта баробари паси кўҳ шудани чархбол галаи рамида барин ба теппа часпиданд ва омаданд то наздикии Рўйин:

пешина
аз 393
навбатӣ