Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ҳарорати бадани ў ҳарина буд. Гармам намекард, балки месўзонд, ғашовар месўзонд.
Чунон ҳалқам қоқ шуд, ки мехостам дарёро даркашам...
Вай дар ҷогаҳ дароз кашид, оҳиста дароз кашид, Яқин барои ман шуда, оҳиста дароз кашид, то пахшам накунад. Ман парешон будам, вале ў аз ман парешонтар, ки хобаш бурда, ғел гашта маро маҷақ накунад. Марги ман дар назди ин одами кўҳпайкар чӣ аст?
Агар ў ғел гардаду зераш монам, на танҳо мемурам, балки рўдаю рўбчакам мебарояд. Вай ҳам ин чизро пай бурда, куртаашро аз зери миёнбанд кашида ковок медорад, ки ман озод нафас кашам.
Озор наёбам...
Боз надонистам, ки кай хобам бурд. Очаам пеши чашмонам:
вай сари санг баромада, гардан ёзонда, қомат афрохта мехонд.
Баччаҳояш тамошобин буданд. Вале якбора чӣ шуд, ки ҳама сар ҷунбонда овоз андохтанд; очаам дар фироқи ман мехонд, дигарҳо овоз меандохтанд, ки ман нобуд шудаам. «Оча, ман дар ин ҷо, дуруст нигоҳ бикун! Ана дар ин ҷо! Дар ин ҷо!» – овоз медиҳам, вале ў намешунавад. Намебинад. Аҷаб, чаро ў маро намебинад?
Магар аз ҳатўлиам хафа шудааст? Аз Оташбасарро нашинохтанам ранҷидааст?
Оташбасар сари субҳ бедор шуда, маро боз ба қафас андохт ва боз ҷуволкўҳнаро болоям партофт ва ду-се бор баланд-баланд пишт-пишт гуфта, аз пайи кораш шуд. Саҳарӣ маро боз хабар гирифт ва ба писараш фармуд, ки аз ман бохабар бошад ва рўзи дароз бедарак шуд. Писарак малах зада овард, об дод, як бор аз қафас гирифта, аз тарси он ки аз дасташ раҳо нашавам, сахт дошта қариб маҷақ карда кушта буд. Ман фарёд задам. Вай тарсида, зуд ба қафас андохтам. Ва хуб нигоҳ кард, ки рост истода метавонам ё не... Вай ба ман ҳамчун ба бозича нигоҳ мекард. Хаёлаш, ки маро гираду бозӣ кунад: сар диҳад, дорад, боло партофта пар-пар заданамро тамошо кунад ва боз дорад. Вале ў ин хел намекард, балки бароям ҳар чиз меовард: малах, об, мағзи нон ва боз аз болои қафас дон мерехт. Ман сар хам карда, донаҳои дукафони партофтаашро чида, ба сад андеша фурў мебурдам. Ва маълум буд, ки ҷиғилдонам калон мешавад, хўрданӣ фаровон, мисли он ки ҳамроҳи очаам сари субҳ хеста аз пайи дон шавем ва минқор ба ҳазор санг зада, донае пайдо кунем, азоб намекашидам. Ин чиз хуш омада, ба онҳо ром мегаштам. Вале чизи асосӣ намерасид:
ман озод набудам ва пару бол зада наметавонистам.
Писарак ҳам ман барин он қадар баақл не, гўлакак. Донистанадониста ҳар хел чизро ба донкоса мерезад ва ростӣ, ман намедонам, ки баъзеи онҳо чӣ чизанд. Ман ба вай одат мекунам ва ҳамин ки наздик меояд, ба сақфи қафас меҷаҳам, гумонаш, ки аз вай хўсида ин хел рафтор мекунам. Ин чизро баъдтар фаҳмид, ки аз омаданаш шодӣ мекардаам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё