Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вале ман ба як чиз ҳайрон, ки чаро падари ў оташ аз сар гирифтааст. Шояд фақат вақти шикор оташ ба сар гузорад ва дигар вақтҳо хомўш кунад... Не, очаам гуфта буд, ки он оташ аз тарсу ваҳм ҳамин хел ба назар метобад...
Ў пайдо шуд. Андаке болои сарам рост истод. Сонӣ рўйи ҷуволкўҳна нишаст. Ба ман нигоҳ карда, хеле гап зад. На ман сухани ўро фаҳмидам ва на ў ба нигоҳҳойи ман сарфаҳм рафт, пас даст ба бағал бурда, чўҷаеро бароварда, назди ман гузошт, боз дигаронро низ як-як даруни қафас мекард. Аввал ман шод гаштам, ки ёрони маро овардааст. Вале зуд ғамгин шудам, ки ҳамтанони ман ҳам гирифтори қафас шуданд. Аммо онҳо ба ёрони ман монанд набуданд; хурд буданд.
Намедонам, ки онҳо будани маро ҳам пай бурданд ё не, аммо медидам, ки сар ба зери қаноти ҳамдигар, аз ҷумла зери болҳои ман халонда, пинҳон шудан мехостанд. Ҳайрон будам, ки бо онҳо чӣ хел муносибат кунам. Ман аз онҳо калонтар. Соҳибхона барин.
Худро ҳокими мутлақ гирам ҳам, мешавад. Худаш ҳам ҳамин хел.
Онҳо сўр. Чизи овардаро намехўранд. Ҳоло ба рафторҳои ман нигоҳ мекунанд, баъзан-баъзан ба малахи даҳони ман нўл мезананд, кашида гирифтанӣ мешаванд, вале гирифта наметавонанд. Аввал ҳамин хел буд. Баъд аз даҳонам малах рабуданӣ шуданд. Ростӣ, ин чиз ба ман нафорид. Ман онҳоро мезадагӣ шудам. Ҳамин ки луқмаеро гирифтанӣ шуданд, дар тори сарашон нўл мезадам ва малах аз даҳонашон меафтид. Акнун онҳоро бемалах ҳам нўл мезадам.
Чунон нўл мезадам, ки «шиғғ-шиғғ!» садо медоданд. «Гадо – душмани гадо, ин лаънатиро бин, ки дигаронро рўз намедиҳад», пеш омада гуфт Оташбасар. «Пишак хўрад ту ҳайвона!» – садо кард ў. Маълум набуд, ки онро ба кӣ мегўяд. Ў қафасро андаке ковок карда даст андохт ва боз мани берўзиро берун овард. «Зўр, зўр, зўр ту!» гуфта, аз нўлам дошта маро кашола кард. Қанотак задам, почак задам, вале чашмамро напўшидам. «Ана худи ту лозим будӣ ба ман» гуфта, маро навозиш кард ва пойҳоямро дошта ду-се бор боло мепартофтагӣ барин ҳаво дод. Ҳаво медоду пойҳоямро раҳо намекард, аввал писараш бозӣ мекард, акнун худаш.
Ў маро, калон шудӣ, гуфта, ба қафаси калонтар андохт. Қафаси аввал ҳам маро чандон хурд набуд, лекин ин чиз ба Оташбасар лозим будааст. Дигар чўҷаҳо дар қафаси паҳлўи ман меистоданд.
«Чу-чу!» доштанд, ҷастухез мекарданд. Он чӣ ман аз сар гузаронида будам, акнун онҳо мегузарониданд.
Қафасҳо дар ду канори ман зиёд мешуданд. Агар ҳамаи моро раҳо мекард, як села мешудем. Вале ў ин корро намекард. Аз афташ, аз гурехтани мо метарсид. Ман акнун ҳокими ин қафас ҳастам, вале наметавонам ба чўҷаҳои дигар фармонравоӣ кунам. Одат балои ҷон будааст; ман ба нўл задани фарқи сари онҳо одат карда будам. Акнун хумораш мегирифт, маҷбур ба донкосаи паҳлўи қафас нўл мезадам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё