Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Шалаппоси аз ду тараф ба камари шах бархўрдани об ўро ба андеша мебарад, ки худозадаро банда ҳам занад. Гўё дунёро гашта омад, бардам буд. Ин ҷо расиду хаста шуд. Хастае, ки дигар майли ҳаракат ё зиндагӣ надорад. «Он тарафаш ҳам чунин; фарқе надорад; барои дигарон бояд кор бикунӣ. Миннату иллати дигаронро бояд бикашӣ... Дигар бо онҳо муросо кардан душвор.
Ҳамкорӣ кардан низ душвор... Боз ҷоят он ҷо, ки омадӣ. Наздик монд, пойи кас намекашад ба рафтан. «Чӣ мехонӣ, порсола». Бо ҳамон касон рў ба рў мешавӣ; аз ту гап гирифтан мехоҳанд. Гўё ба тамошо рафта будӣ... Баъд оҳиста-оҳиста ё батаанӣ ҳар гуна ҳарфҳо мегўянд... Сабаби аристон кардани маро ҳар гуна шарҳу эзоҳ медиҳанд ва ту бояд дар он деҳа зиндагӣ накунӣ... Хубаш, ки наравам. То ин ҷо омадам; ёди зану фарзанд карда омадам... Худо бубахшад. Зеро ҳамааш ба хости ў буд. Вагарна ман куҷову ба як гўшаи дунё рафта ин қадар азобу шиканҷа кашидан куҷо? Ҳазор зориву тавалло кунам ҳам, касе маро он ҷо намефиристод. Чунин будааст кори дунё... тақдири пешонӣ. Як бор, ки ковок шудӣ, дигарбора дар ҷойи аслиат нишаста наметавонӣ. Чӣ буд аз Шинг ба Амондара биёӣ? Чўриву дастёр шавӣ ҳам, туро чун фарзанди диёр қабул накунанд; ба қавлӣ Иван ба ҷойи касе «кулак» шуда, оворагӣ кунӣ... Ва ҳоло меравӣ, ки чор шингӣ омада ба ҳолат раҳм мекунад, дигар боз Аҳмади порина... Намеравам. Хости Худо бошад, худамро аз сари шах ба гирдоби пули Калонӣ мезанам ва он тарафашро Худо донад. Мурдаамро аз қадоба пайдо карда шиносанд ё на? Аз маҳбас озод шудани маро касе намедонад...
Номаҳояшон рафта бармегардад ва мегўянд, ки баргаштааст.
Сонӣ парешон мешаванд ва шояд мурдаро тахмин кунанд ё шиносанд. Воқеан, шиноснома дорам. Онро бояд дар ҷайби бушлат гузорам, то об набарад. Аз рўйи он мурдаи кӣ буданашро муайян мекунанд... Э амондарагиҳо-е, наход як сағири шингӣ нағунҷид дар деҳаатон? Шумо мисоли Заррўд ҳастед, ки бегонаро ба соҳил меандозед. Офарин хокро, ки худиву бегона ва шоҳу гадоро яксон бипазирад. Э амондарагиҳо-е... Фарз кардем, ки аз боло амр шуд ё роҳбарони колхоз маро қурбон карданд, шумо натавонистед исбот кунед, ки Нури Чўпон кулак нест, балки як сағири бекас буд, ки агар эшон-бобои мо намешуд, Худо донад, чӣ мешуд... Чӣ хел ман дароям ба ин манзил? Боз балое дар пеш аст. Дар Шинг ҳам ҷой нест бароям...»
Борхалтаро, ки то ҳол аз китф наканда буд, баргирифта канор гузошт ва ба моҳ нигарист; ба моҳи мунир, ки ҳамчунон рўшан ва зебо менамуд аз қаъри обе, ки дар ин ҷо орому осуда мегашт чу оби кўл. Чун об аз бод ё ҳаракати ҷонваре чу моҳӣ ҷунбад, моҳ ҳам мелаппид; мешикаст; гум гашта, боз пайдо меомад ва пурра мегашт. Аз дуртар харҳо ҳанг мезаданд ва сагҳои полезбонҳо ак мегуфтанд, оромии шабро халалгор мешуданд; ё аз наздик шудани дузде, ҷондоре; ва ё аз фаро расидани посе аз шаб.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор