Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Зиндагӣ ҳаст».
Пай мебарад ў ва гумон мекунад, ки касе пай мебарад рафторҳояшро ва намегузорад ба мақсади васвосиаш бирасад. Ин ҳамон духтарчаи гаҳвора аст – Малоҳат аст, ки бузург шудааст ва хабар ёфта ба пешвозаш баромадаст, аммо наздик намеояд, ки на падар мешиносаду на ў. Танҳо гоҳе ки бо ў шиносҳо вохўрӣ карда «Нур омадааст» гўянд, ба рўйи пурришаш нигариста мешиносад ё «наход падари ношиноси ман ҳамин бошад? Пир шудааст» мегўяд. Хаёли Нур ҳам чунин: пир шудааст. Баргаштан, барнагаштан аҳамият надорад; як ташвиши зиёд бор мекунад ба сари хешони занаш.
Чунки худи ў хеш надорад.
Зери партави нури моҳ ба роҳ менигарад. Касе ё чизе ҳаст, ки рафторҳои оромонаашро мушоҳида мекунад ва аз гумону андешаҳои ў бохабар аст. Вале касе нест. Дар хомўшӣ садои Заррўд баландтар мешавад. Воҳимаангез низ ҳаст. «Гуноҳат кам, ки боз ҳаром мурдан хоҳӣ?» Ин як садои пасти инс ё ҷинс, ки аз даруни об меояд ё гўшаш ҷеғ мезанад. Ҳарчанд менигарад ба пасу пеш, касе ё чизеро намебинад. Мурғак медавад дар пўсташ, ки вақтҳои чўпонӣ, дар танҳоиҳои кўҳу камар, дар тангиҳои маҳбас рух надода буд; касе ҳаст, ки таъқиб мекунад. Чашме ҳаст; чашми орган ё чашми душман. Аммо душманаш кист, намедонад. Дар як нома навишта буданд, ки «ҳамааш кори Кабуд». Кабуд ин ҳамон, ки Моҳбибиро хостгор буд. Вале, Эшон восита шуда Моҳбибиро ба Нур часпонданд.
«Ўўўў амондарагиҳо! Ягон одами зинда ҳаст?!»
Чун аз парчи пули Калонӣ хеста роҳи ба назараш тўлониро паймуда то Боғи Гарон омад, надониста монд. Зеро ў дар таъсири андешаҳои зиёд, ки ҳазору як гап бофта, дар ҳар мулоқот аз ў мепурсанду мегўянд, по мепартофт ва зери обу арақ монда буд, ки аз Заррўд баромада бошад; зиёдтар аз он ҳам буд, ки худро гўё аз сари шахча ба рўд заду намурд; боз баромад. Худо ҳамин қадар фармуда будааст, ки ў доим фикру хаёл кунад: дар кўҳу саҳро, аз паси бузу гўсфанд; дар роҳҳои дур; дар бораи дўсту душман. Баъд дар бораи Эшон-бобо, ки зиёдтар аз падар хидмат кард, вале шаби омада бурданашаон хабар наёфт.
«Ўўўў амондарагиҳо! Ягон одами зинда ҳаст?!»
Як чароғи милмилак аз каппаи сари токзор фурўзон шуд ва аз дами шаббода ё нафаси афрўзанда забонааш мелапид ва як сурати сиёҳи азимро дар ҷари Хокканак часпонида буд, ки беқарорӣ дошт.
«Кӣӣӣ?»
Баробари ҳайати соя овози марғуладори касе баромад, ки Нур нашинохт: «Овози Ҳамроҳи Дароз не. Овози усто Мухтор ҳам не...
Садои кадом ношинос, ки дар ин муддат камол ёфтааст».
«Кадомӣ?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор