Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

гуфта, ба юғу гардани говҳо говрона задани ҷуфтгаронро дид. Муқоиса кард ва ба дил гуфт, ки аппарате лозим, ки ин манзараро ба навор бардорад. Вай дар сари санг нав ҷои боб ёфта, андеша дошт ва нақшаҳои ояндаи ин замини ноҳамворро мекашид, ки дар роҳи деҳа савораеро дид. Савора ҷониби онҳо омад. Ў наздик шуда, рўи сой аз асп фуромад ва ҳарчанд аспакӣ омадан мушкил набуд, аспро дар буттаи гулхор баста, худ назди раис омад. «Монда набошед!» — гуфт ў ва расонд, ки котиби райком ўро ба идорааш даъват кардааст.
— Худат нарафтӣ? — ба парторг рўй овард ў.
— Рафтам, лекин худи шумо лозим будаед.
— Ҳамин рўз?
— Инашро нагуфтанд...
Раис хаёл карда монд. Он қадар фазо соф, осмон беғубор ва ҳаво фораму дилкаш буд, ки раис нахост аз тори тахтасанг, ки табиат барояш ин маснадро бахшида буд, бархезад. Вале қуввае ўро бардошт. Вай гарм шуд. Ҳоло ки телпакро аз сар нагирифта буд, баргирифт, ба мўи сараш панҷа зада, пушт бурд ва мисле ки уқобе ба рўи киштгоҳ давр мегашта бошад, чашмон ба адиру пуштаҳо гирд гардонд, хама корро мувофиқи табъ дид, ки боз ҳамон саволашро такрор кард:
— Имрўз ё пагоҳ?
— Инашро нагуфтанд.
— Имрўз дер шуд,— кўтоҳ гуфт ў ва нимрўя гашта, аз рўи тахтасанг ба замин гузашт ва телпак дар дасти чап алвонҷ дода, вазнин-вазнин қадам андохта, сўйи деҳ равон шуд. «Майдон ин ҷост, далерӣ дар ин ҷо шоиста аст»,— аз дил гузаронд ва андаке вазнашро пеш андохта, бо нўги пой қадам монд. Болотар рафт ў, ба назар як қувваи афсонавӣ аз зери кашҳои ў бардошта, «баландтар, баландтар баро»,— гўён ўро ба сўи қуллаҳо ҳидоят кунад, вале ў баргашта ба пас нигарад: «Ҳақназар набояд қафо монад».
Ҳақназар аз паси раис рафта нафасаш танг шуд, дамаш гашт.
Бозистода, бо баҳонаи тамошои фазои кушод дам рост кард. Дар ҳақиқат фазо кушод ва осмон он қадар равшан, ки кабуд тобад.
Тарафи ғарбии он ба тори Самарқанди бостонӣ хам хўрад ва се тарафи дигар ба болои кўҳҳои баланд сарпўш аст. Ҷое ки тракторҳо наъра кашида, шудгор мекунанд, чандон фарох нест: домонашро рўди Муғ шўяд, фарқашро барфи сафед пўшад. Он қадар сафед ва равшан, ки касро дар ҳайрат гузорад. Офтоб беғубор, осмон оинаи бо латтаи намнок тоза кардаро монад, барф хам мисли ҷурғоти карт. Фақат бод аз рўи ин барфҳо сардбод орад, ки ба тани арақкарда аввал гуворо расад ҳам, оқибати хуб надорад, ё сарро ба дард орад ва ё миёну дасту поро. Ба ҳар ҳол, ҳавои кушод ва меҳнат ҳамаро бартараф кунад.

пешина
аз 393
навбатӣ