Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Мошин ба роҳи васеи мумфарш баромада, мисли аспи белаҷом суръат гирифт.
— Мардуми «Чорбоғ» ҳама файласуфанд? — суол кард раис, то ронанда андаке ҷилави «аспаш»-ро кашад. Вале Баҳром ба маънои савол сарфаҳм нарафт, ки пой аз газ гирифта, чашм ба рўи раис дўхт:
— Яъне, чӣ хел?
— Ҳама пурдонанд?
— Не, раис, ман гапи аввалаи шуморо нафаҳмидам, вале донам, ки онҳо маҳмаддоно ва кунҷкованд. Магар файласуфи гуфтаатон ҳамин хел?..
Раис хандид ва боз Баҳромро ҳайрон гардонд, ки ин одам ҳам механдидааст.
— Ҳа, раис, қишлоқи моя нависандеш бисёр,— кушода шуд ў ва аз гапи ёфтааш хурсанд гашт.
Ў мошинро рў ба рўи идораи райком боздошт ва ба раис нигарист, то чӣ фармояд, вале раис чизе нагуфта рафт. То ин вақт табиати тару тоза ва гапҳои Баҳром хаёли ўро аз ҳама чиз дур карда буд, баробари ба дари райком ҳозир шудан боз ҳамон хаёлҳои сари кишт ба сараш омад: «Чӣ гап бошад?»...
Баҳроми шофёр мошинро хеле боэҳтиёт ва ҳамвор меронд, то раис бедор нашавад. Вай намедонист, ки дар кабинети райком чӣ гапҳое шуд, ки раис дам гирад, хоб равад...
Раис аз мошин фуромада, ба асп савор шуд, дар идора кор надоштааст, ки сари аспро ба дараи Себак гардонд. Имрўз ҳаво гармтар буд ва фазо равшан. Вале ба назараш расид, ки чизе барқасд гоҳ-гоҳ пеши офтобро гирад. Ў қад-қади рўди Муғ рафт, баъд ҷилави аспро ба Себак гардонда, хушнудона чизеро гулўйӣ зам-зама кард. Чашмаш ба каргасе афтид, ки дар фазои Себак давр гашта, ба назар гоҳ-гоҳ боли кушодашро ба барфи қулла расонда мегирифт. Каргас пар намезад, вале давр мегашт. Паст фуромад, баланд баромад. «Баробари почакаш ба ин ҷо расидан ба нест кардани боғоти колхоз сар кард. Сафедор намонд»,— чунин буд мазмуни мактуби якум. «Молу ҳол ва коҳу бедаи колхозчиёни номдори Чорбоғро кашида гирифт». «Даҳ ангушташ дар даҳонаш ин раиса, тухмӣ гуфта, дону дуни халқро рўфт...»
Аспи раис боло рафт, пеши назар қулла кушода шуда, поён лағжид, то ҷуфтгоҳ фуромад. Ва ў ҷуфти барзаговҳоро дид, ки ҷо-ҷо қарор истода буданд. Пешашон ҷуфтгарон набуданд. Вай гумон кард, ки барзаговҳо ба замини мулоим дасту по фурў дода, дармондаанд ва гашта натавонанд. Поёнтар аз он, ки лаби ҷари сурх трактори Карим ёна-ёна рафта шудгор мекард, ҳоло наменамуд ва садои ягон трактор ҳам намеомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор