Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ў лаҷоми аспро кашида боздошт ва бодиққат гўш андохт. Садое наомад. Ва яку якбора садоҳое боло шуданд, ки вақти тобути майитро аз замин бардошта, сўйи қабристон роҳӣ шудан охирин бор хешу табор фарёди ҷонсўз зананд. Раис бар зин шах шуд. Ва баъд ба худ омада, аз асп фуромада, онро ба хорбуттаи канори роҳ баст ва бо пайраҳа болотар рафт.
1 Ҷуфтгарон ба пешвози ў дастак бардошта омаданд. Вай рўйи роҳ шах шуда монд. Ва дастак болои сараш омада бошад ҳам, канор нашуд. «Ин кист? Чӣ шуд?» — гуфта ҳам натавонист. Касе аз ҷуфтгарон пеш гузашта, раисро ба канори роҳ тела дод ва дастакро аз пеши чашми ў гузаронида бурданд. Касеро болои дастак гузошта, бо ҷома рўяшро пўшида буданд. Раис аз дунболи дастак нигоҳ карда истод. Онҳо паси теппа хам хўрданд.
Ў танҳо монд. Ончунон, ки дар кино бошад, як садо омад ва баъд «ҳув-ҳув-ҳув!» — дар кўҳҳо танин андохт. Раисро ҳушёр кард ин овоз: «Ҳув-ҳув-ҳув! Ҳў-ў! Ва-ва-ва! Ува-ува!» Садоҳо зиёд шуданд, чун афсона. Гўё ҷону ҷонварҳои зиёде дар ин дараи махуф ўро иҳота карда буданд. Садои пурдаҳшати шағол, гурбаи ваҳшӣ ва гург омад. Ба бадани раис мурғак давид ва якбора ларзида рафт, гўё аз хоби пурдаҳшат тарсида бедор шуд.
— Ба муродат расидӣ?— аз пас садое омад. Ў ба гўшҳояш бовар накард. Ба сўи овоз рўй наоварда, диққат дод, ки садо такрор шавад ё на?
— О, наҳс, ба муродат расидӣ?
Ин дафъа ў бовар кард, ки ин овози одамист. Бо вуҷуди он рўй нагардонд ва як хавферо ҳис карда, баданаш ларзид.
— Туя кӣ гуфт, ки ин ҷо биёӣ?
Ин дафъа раис ҷониби овоз рўй овард. Рў ба рўяш одами сиёҳи девсуратро дид, ба ҳайкали ғазаб табдил ёфта буд. Раис ҳаросид.
— Туя кӣ гуфт, ки ин ҷо биёйӣ? Кӣ гуфт?
— Магар ман ихтиёрӣ омадам?
— Ту намедонистӣ, ки ман ин ҷо ҳастам?!
— Медонистам,— каме ба худ омада, гуфт раис.— Медонистам, ки ту бо ҳамин ақлу тамиз ин ҷо раис будӣ... Зиндагият бад набуд...
— Ту намеомадӣ, боз...
— Агар ман набошам, туро боз раис...
— Ага не?— дид, ки раис гапи ўро бурид, ў низ сухани раисро қайчӣ зад.

  1. Дар кўҳистон аз чўби дарахт тобут сохта, мурдаро аз рохи дур меоранд, ҳамон тобут «дастак» ном дорад.
пешина
аз 393
навбатӣ