Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Дада, шумоя! Ҳамсоя...
— Муаллим, телефон!
— Ба телефони хонаи шумо?— аз дар баромада пурсид нависанда ва ба дари рў ба рў гузашт. — Лаббай?
— О телефони хонаатонро соз кунед, намешавад, як умр телефони шумо вайрон! — ин садои рафиқи хубаш, ки аз бародар ҳам зиёд донад.
— Телефон созу...
— Соз бошад, дар чунин рўзҳо кашида намонед! Ба ҷои шумо маро гаранг мекунанд, дар бораи намоиши телевизион... Телефонро васл кунед, бисёр касон тефефон карданӣ... Шахматро чинед, ҳозир рафта Қўтурбулоқро дар чашматон нишон медиҳам.
— Ё Қўрғончаро...
Нависанда телефонро васл карду садояш баланд шуд.
— Лаббай?!
— Нависандаи мўҳтарам, салом!
Ў саломро алейк гирифту хомўш истод, гўшакро монданӣ шуд, вале барои он ки дўсташ гаранг накунад, оромона гўш дод.
— Муаллим! Овозатон...
— Гап занед!
— Ман — Ҳоҷибоқӣ, дишаб кайф кардем-дия... Янгатона намегўед, кайф кард... Ба назарам телевизиони тоҷик якумин маротиба намоиши боби дил дод... Як шумоя диданӣ, нависандаи мўҳтарам...
Баъзе фикрҳо ҳаст.
— Ин хел бошад, фикратонро навишта, ба редаксия фиристед, чунки намоишро онҳо тайёр кардаанд, на ман...
— Не, нависандаи мўҳтарам, фикрҳои маро онҳо намефаҳманд...
Берун мебароед? Хона равам? Ё ягон ҷо...
— Мулло Ҳоҷибоқӣ, ман вақт надорам...
— Мебинаму мегардам.
Нависанда ҳоло ба худ наомада, фикрҳои парешонро ҷамъ накарда ва сари мизи корӣ нанишаста, рўи хона қадам мезад, ки боз садои духтарча баромад:
— Дада, шумоя!
Ва ў аз ошёнаи чорум ба пас нигарист, ки Ҳоҷибоқӣ назди мошини «Газ-24»-и сафед рост аст ва нигоҳаш тирезаҳои ошёнаи баландро сояд, зеро донад, ки ба нависанда ҳама вақт аз баландиҳо ҷой диҳанд ва аз пастиҳо вазифа. Баробари сари нависандаро дар ошёнаи чаҳорум дидан пуршаст даст боло кард, ки чашми нобинояш яллақӣ кушода шуда бошад.
— Э, мурдем-ку!
Нависанда пай бурд, ки ягон гап ҳаст, зеро Ҳоҷибоқӣ одами корчаллони ҳамакора; ба назари ҳоҷатмандон бо ҳама шиносу ҷўра, беҳуда наояд, ўро ба хона даъват накарда, баромад.

пешина
аз 393
навбатӣ