Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«деГи КАЛОН»
— Бар падари ҳамин телефон лаънат! Гуфтам-ку, канда партоед! Боз инро кӣ монд?!
Ниҳояти ба хашм омадани нависанда буд, ки дар сари ҳар ҷумла ўро мехезонд занги тёлефон. Сонӣ хашмашро ба сари кўдакон мерехт, ки телефонбозӣ мекунанд, ҳудаву беҳуда шарикдарсонашон занг мезананду ину онро мепурсанд; замоне шудааст, ки ҳама чизро воситаи телефон ҳал кардан мехоҳанд — ҳатто масъалаҳои математикиро. «Ман кор кардаму ба ҷавоби охири китоб рост наомад!» «Аз они ман рост омаду ба назарам, роҳи ҳаллаш хато!»
Умрашон дароз бод, ки ин баччаҳо умри касро сўҳон мекунанд.
Телевизорро баланд накунанд, ҳеҷ чизро намефаҳманд, радиоро намонанд, аз бисёр чизҳо, алалахусус аз афсонаҳои «Хоби ширин», бенасиб мемонанд. Онҳо чӣ медонанд, ки ба падарашон оромӣ лозим аст. «Менависам, гуфта, иқа баччаҳоро ғам натед!»
— маслиҳати завҷа; аз ҳама бадаш ҳамин, ки ба як суханашон нависандаро як ҳафта аз кор мебароранд.
— Дада, шумоя!
То ба назди телефон омадани падар даҳ бор такрор мекунанд баччаҳо, ки аз гўшаки телефон асал мерехта бошад. Вале нависанда бепарво, гумон кунад, ки баччаҳо «дар хона нестанд» мегуфтанд, хубтар буд.
— Лаббай!
— Паёму дуруди мо расида бод ба нависандаи ягонаи даврон!...
«Аблаҳ!» лекин инашро баъди гўшакро мондан гуфт ў ва пуршаст сими телефонро канда партофт. Нафорад, чӣ кор мекунед? Ба дигарон фораду ба ў не. Миҷоз-дия. Дигарон ким-киҳоро восита ва пул сарф мекунанд, то ба хонаашон телефон гузаронанд, лекин ў аз телефон безор. «Фақат барои аз район хабар расондан лозим», гўяд ў падару модари пирашро дар назар дошта, вагарна телефон дар хонадони ў нолозим, беҳуда дашном шунидан киро форад?
Барои дашному беҳуда гуфтани беадабон телефон воситаи хуб аст. Ў ҳам мисли дигарон орзу мекард телефон доштанро. Акнун ки мазаашро чашидаст, безор.
«Бул-бул-бул-бул!» Не, ин занги телефон не, занги дар, булбул хонад аз тори дар. Баъзан садои булбул ҳам нафорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор