Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Акнун фаҳмидед, ки ҳоҷати ҳурмат кардан нест? Онҳо пул ҷамъ намекунанд, ҳамроҳашон ба он дунё пул намебаранд.
— Кӣ ба он дунё пул бурдааст?
— Пас, барои чӣ шумо ин қадар аз паи пулу моли дунё?
— Кӣ? Ман?
— Шумо... Дигар кормандони савдо.
— Шахсан ман ба ин кор машғул не... Ман ёфтагема харҷ мекунам — сингори худатон: курорт мерам, саёҳат мерам... ана унхелин — сингори худатон...
Нависанда ҳайрон, ки чаро Алишеров бо ин кас баҳс мекунад, чаро бе ҳеҷ қаҳру ғазаб ва дашном, тундгўӣ сухан мекунад? Ба хотири як мўзаи ёфта додааш ва ё аз ў гап гирифтан хоҳад?
— Росташро гўед, шуморо кӣ фиристод?
— Ман аз номи район омадам... ҳама кормандони союз хоҳиш карданд, ки...
— Боз ин кадом союз.
— Райпотребсоюз...
— Ҳамин хел гўед-дия.
— Рости гап, дилам сўхта омадам... аввалаш ки барои худашон ҳам хуб нею барои мо ҳам, баъд...
— Ҳамин муаллим гуфтаанд, ки «деги калон» дар райони шумо
— дар союзи шумо шинонда шудааст?
— Чӣ фарқ дорад? Ҳама донанд, ки савдо дар ҳама ҷо як: аз Самарқанд, то Фарғона, аз Тошканд то Душанбе ва ҳатто дар райони мо ҳам, дурўғ не. Мо маълима айбдор карданӣ не... лекин муздашон кам будааст... нархи китобашон як сўм бошад... О аз ин... медонед, борбардорҳои мо чӣ қадар пул меёбанд... о аз ин корашон...
«Хез, гум шав-э! Бар падари худату бар падари пулат лаънат!»— базўр худдорӣ кард нависанда, фақат сурфид. Худдориаш ба хотири Алишеров буд.
«Бул-бул-бул-бул!»
— Дада, шумоя! Ҳамсоя!
— Гўй, ки нестанд... Не, биист!
Алишерову «меҳмон» монданд ва «меҳмон» ду-се ба дар зеҳн монда, ба ў рў овард:
— Дардаку балотона гирам, маълим, вайи бачетона хўрам...
як ёрдам кунед! Ин ёрдами шумо як ба ман не, ба тамоми соҳаи савдо, потребсоюз, ба ҳамаи онҳое, ки бо ин кор машғуланд...
— Бо кадом кор?
— Бо савдо, маълим, шумо дар ҳақи онҳо гумони бад накунед...
ҳамаашон ҳалол, ҳамаашон мард... Медонед, онҳо чӣ хел якдигарро дастгирӣ мекунанд, чӣ хел мадад мекунанд, ба сари якташон бало ояд, чӣ хел тани ҳамаашон меларзад...

пешина
аз 393
навбатӣ