Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шумо онҳоро кам медомед, кам шину хез мекунед...
— Ман-ку аз ҳаёти онҳо бехабар, лекин нависанда нағз медонанд, хуб омўхтаанд...
— Не-е, онҳоро омўхта намешавад... Онҳо — мард, шумо онҳоро намедонед... Худо расонаду як тўйча кунед, маълим, баъд мебинед, онҳо чӣ хел мардӣ доранд.
— Зинда бод давлат! Пур бод кисаи давлат!,
— Онҳо ба кисаи давлат кор надоранд... миёни худашон бақувват, аз бобою додошон мондагӣ.
— Хуб, очаи гап чӣ?
— Луччаку пўсткандаю очаи гап ҳамин, ки ин маълими нависанда ба ғайр аз гапи шумо, гапи ягон касро намегирифтааст...
пеши потон садқа, гўед, аз ҳамон навиштаашон даст кашанд...
гуфтам-ку, хизмат аз мо...
«—Ҳе, бар падари ҳамин гапро баровардагӣ лаънат! О ту медонӣ,— ба Алишеров рў овард аз дар даромада нависанда,— Ман кай «Деги калон» навиштам? Ман ин хел асар надорам, нанавиштаам!»
«Меҳмон» ба Алишеров нигарист, ба нависанда зеҳн монд; ба Алишеров зеҳн монд, ба нависанда нигарист ва оҳиста аз бозӣ дур шуд: қомат рост накарда, аз курсӣ лағжид ва ҳамон зайл
— дарди миёнаш гирифтагӣ барин сўйи дар рафт ва кафшашро ба даст гирифта, аз дар баромад, ки нанавишта бошад, пул додан чӣ ҳоҷат?
«Мон равад!» аз нигоҳи Алишеров рамуз гирифта гуфт нависанда.— Ба вай ҳамин чиз лозим буд, ки ман «Деги калон»
навиштаам ё не? Магар савдогаронро намедонӣ: «Корашон афтад, ғулому корам афтад, хоҷаанд!»
...Ва дар ин миён зимистон омад. Нависанда хирсвор ба хоби чилла рафт, ки аз хона набаромад. Чилла ҳам баромад, хирсҳо бедор шуданд, ҳоло ҳам нависанда такя бар мизи корӣ дошт... Дар ин миён ягон бор занги телефон ўро безобита накардааст, ягон бор ба телефони хонаи ҳамсоя нахондаанд; касе восита нашуд, касе суроғ накард ва рўзномаи «Ҷавонон» бо нависанда сўҳбат ташкил карда, як пора аз повести нави ў чоп кард. Порча аз ҳаёти якшабаи савдогаре буд, ки куҷо пинҳон кардани халтаи пулро намедонист. Ҳама хандақу сандуқу роғҳо ва заминҳои чоҳсурат кандаро аз назар гузаронид ва гумон кард, ки ин ҷойҳоро одамон дидаанд ва агар дар он ҷойҳо пинҳон кунад, ёфта гиранд...
Боз дари ўро кўфтанд, боз булбулаки тори дари ў хонд, боз духтарча ба дар омад, «Дада, шумоя!» гуфт, боз хушомад, боз восита, боз сухан аз ваҷҳи пулу гонорари ночиз.. Ин дафъа гап «калон» шуд, аз «Деги калон» ҳам калон, чунон калон, ки ба ҳеҷ хел дег нагунҷад.

пешина
аз 393
навбатӣ