Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

СОДА

Ба ў гуфтанд, ки хуб кор бикун, раис мешавӣ, бовар накард; баъд гуфтанд, ки сода; як умр кор кунад, нўки дукаш сафед нашавад; кас ба фоидаи ў гўяд, бовар накунад — сода! Бо ҳама содагиаш донад, ки ҳазор кор кунад ҳам, касе «бале» нагўяд, ин як қонун: меҳнатро ятим кунаду ҳалворо ҳаким хўрад. Ба ў гуфтанд, ки хуб кор бикун, раис мешавӣ, бовар накард, зеро медонист, ки меҳнати ўро ҷуз табелчӣ каси дигар қадр накунад — ҳамон ҳам рўзи меҳнат нависад, менавишт, нанависад, не. Лекин ў кор кард, зеро ба ҷуз ин кор — кори сиёҳ, дигар кор намедонист: каланд мезад, дос мекашид, қайчӣ мекард, ки кас кори сиёҳ карда раис мешуда бошад, бо содагиаш медонист, ки раис дигар одам асту кори сиёҳ мекардагӣ дигар кас... Э-э-э... вай дар ин умри кўтоҳаш он қадар раисро дид, ки... он қадар қиссаи раисҳоро шунид, ки...
лекин ёд надорад, ки якеи онҳо кори сиёҳ карда бошад. Шояд бошад, шояд дар байни онҳое, ки аз дигар ҷойҳо омада (одам қаҳт шудагӣ барин), дар мулки онҳо раисӣ кардаанд, бошад, лекин раисҳои таҳҷоиро надонад, ки аввал деҳқониву сонӣ раисӣ карда бошанд. Ҳамаашон мисли турнаҳо буданд, ки баҳор меомаданду тирамоҳ мерафтанд. Ҳамаашон қиёфаи нотакрор доштанд, ҳамаашон сиёсати хос доштанд, ҳамаашон хеш доштанд, ҳамашон табор доштанд, ҳамаашон гурўҳҳои ҷудогонаро шод мекарданд, ҳамаашон ҷоеро обод мекарданд, ҳамаашон ҷоеро хароб мекарданд, ҳамаашон ҳама буданд, ҳамаашон танҳо буданд, ҳамаашон ғам мехўрданд, ҳамаашон хурсанд буданд, ҳамаашон ғами хеш мехўрданд, ҳамаашон барои худ шод буданд, ҳамаашон баланд рафтанд, ҳамаашон паст хамбиданд, ҳамаашон савора буданд, ҳамаашон пиёда шуданд... ва он қадар ҳарфи зиёд, ки дар так-так нагунҷад ва он қадар «хуб» ва он қадар «бад», ки дили касро аз зиндагӣ хунук кунад, калонигарӣ чӣ лозиму саворӣ чӣ лозиму?...
Маълум, ки лозим набудааст... лекин якрўза даврон ҳам даврон аст: зеро халқ ин хел одамонро дўст дорад, ҳурмат кунад, хушомад занад, ба сар бардорад; гарданаш шикаста, савор аз сараш афтид, таъна занад: «Беҳунар, дар тори сар ҳам истода натавонад... ҳунар, ки надорӣ, набаро». Акнун ҳамаро мону аммаро гўй, як каси лодаву содаро раис кардан хоҳанд. Эҳа-а-а, ин қадар одамони муғамбир, сипоҳ, корчаллон, дурўя... раисӣ карда натавонистанду ин сода раисӣ кунад.

пешина
аз 393
навбатӣ