Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Сонӣ ўро бурданд... Ба милитсия бурданд, ба вазорат бурданд, ба назди вазир ва оқибат ба Иттифоқи эҷодӣ оварданд, ки нависанда узви он буд. Баъзеҳо дар он ҷо ҳам восита шуданд, ки нависанда аз ҳамин асараш даст кашад... Аммо ў даст накашид, ба муҳокима гузошт. Муҳокимаи асар зиёда аз ду сол тўл кашид, барои он ки ҳоло ҳама нахонда. буданд... Ҳама хонданд, муҳокима барпо шуд. Аввал ду-се ҷавон сухан ронда ва нависандаро табрик гуфта, ҷуръати ўро қадр карданд, сонӣ масъала ранги дигар гирифт: муҳокимаи «Деги калон»-ро фаромўш карда ба муҳокимаи худи нависанда гузаштанд: лахту пора карданд, иҷиқу биҷиқи ўро бароварданд ва нависанда кӣ будани худро аввалин бор донист. Ўро то ҳадде таҳлилу таҳқиқ карданд, ки нависандаи «буржуазӣ» шуд.
— Нависанда, ки ин хел бошад, ҳоҷати дар бораи «Деги калон»-и ў сухан рондан нест, чунки ў ба ҳаёти мо назари нек надорад...
Ин бисту чанд сол пеш буд-дия, дар рўзҳои мо ҷуръати ин хел муҳокимаҳоро надоранд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор