Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҳа: намегузоштанд, ки дар деворҳо таппак зананд; хокрўбаро дар оби сой резанд; чунки одамон аз оби сой истифода мекунанд. Чунин ваъда ҳам буд, ки садаи гирдсангро мекананд, зеро ҳама бало аз ҳамон ҷо хезад: мардон гирди санги бехи сада гирд оянду ба ҳар касу ҳар кор даҳан андозанд; чуғулӣ сар шавад ва гирдбод хезад… Ба қавле масҷидро ҳам хароб карданӣ; чунки гуфтаҳои зери сада дар ин ҷо ҳалу фасл шавад…
Пасон ҳе навиштанд-е, чунон навиштанд, ки сарҳисоби колхозро ёфта нашуд; чунон навиштанд, ки колхоз ҳоло ҳам бероҳбар, ҷойнишину парторг боз маҷлис даъват кунанду гўянд, аммо касе бовар накунад. «Боз андаки дигар, раис худат мешавӣ!»
Ва сода бовар кард, бовар кард, ки дигар дар колхоз одами лоиқ нест, ҳамаро сиёҳ карданд — навиштанд, рост ё дурўғ ҳамаро дузд эълон карданд ва ягона касе, ки дар ин корҳо олуда нашудааст, Бобост. Ўро раис аз маърака бароварда буд — барои «ҳоло ҳам дар колхоз бесаводон, бемаълумотҳо — раис» гуфтанаш «пўст»
канда буд. Ҳоло ҳеҷ каси босавод нест, колхоз бесоҳиб. Хайрият, ки мардум баинсоф, вагарна колхоз талаву тороҷ мешуд. «Наход, ки боз аз ягон ҷо раис оваранд?» Ҳеҷ кас надонад.
«Мурғи бахт ба сарат нишинад, дурусттар кор бикун!» Ва Бобо бовар кард. Хуб кор мекард, хубтар кор кард; кам хоб мерафт, камтар хоб рафт. Шаб ҳам дар сари замин, рўз ҳам дар сари замин ва чашм ба роҳ медўзад, ки ана-ана, касе омада ўро фарёд мекунад...
Хобу хўрро намедонист — харобтар шуд, сиёҳтар гашт...
Якбора колхоз мағал шуда рафт. Ғалмағал шуд, ки аз худи вилоят муфаттишон омадаанд. Боз раис раис шудааст ва боз дигарон – дигар. Вале раис на ҳамчун раиси пештара, балки хиёнаткор буд дар назди муфаттишон. Ҳай кофтанд, ҳай рўгардон карданд ҳуҷҷатхоро: дуруст буд, нодуруст буд. Рафтанду омаданд, бурданду оварданд, аммо гунаҳгори ҳақиқиро наёфтанд. Баъд ба имзо часпиданд — имзои охирин имзои кист? Имзои раис кам буд, вале имзои ҷонишину парторг зиёд. Бурданд, шинонданд, озод карданд, аммо касеро ба ҷавобгарӣ кашида натавонистанд.
Раис соҳибдор баромад, ҳисобчӣ соҳибдор баромад ва бисёр касон соҳибдор баромаданд, ба ҷуз раиси коммиссияи тафтишотӣ.
Прокурор санксия гузошт, гуноҳи Собир маълум шуд: ду пуд ҷавро барои аспи колхоз гуфта хонааш бурдааст... Дар колхоз дигар ягон гуноҳ нест.

пешина
аз 393
навбатӣ