Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Муфаттишон мўро аз хамир ҷудо карданд.
Гўштро аз нохун ҷудо кардан душвор, аммо мўро аз хамир ҷудо кардан осон. Аз як нўги мўй дошта кашӣ, худаш баромада равад.
Мўй-дия, ҷон надорад. Ва боз як каси дигар дар азоб — пашмчину ширгир, ки захирагараш хонанд.
Захирагар — ҳоҷатбарори колхоз не, ҳоҷатбарори раиси колхоз ва дар баъзе мавридҳо — балогардон: ҳалқа, ки танг омад, ў деҳа ба деҳа гашта пашму ширу равған ғун орад, мушкилаҳоро осон гардонад... Ба чунин вазифаи бошараф Боборо мувофиқ донистанд, аммо ў рад кард. Сода! Акнун чанг хўраду офтоб, каланд занаду арақ кунад, хоб надорад; ҷўя ба ҷўя гардад, ки тамокуяш хубтар аз тамокуҳои дигарон нумўъ кунад. Ба мағалу барои об ҷангу ҷанҷол кардани тамокукорон шарик нашавад, балки ба ҷўякҳо обро гардонаду аз ҳад, ки мондаву шалпар шуд, сари воте нишаста, ба осмони бетаг нигарад, моҳи мунирро тамошо кунад; шаббода шамад, андаке кушода шудани баҳри дилашро дарк кунад ва нигоҳашро аз ситораҳо ҳам фурўтар бурда, хаёл кунад, ки чаро ин осмон бетак аст? Кас ҳар қадар нигоҳ кунад ҳам, сарфаҳм наравад, ки онро кӣ сохта бошад... Чӣ хеле ки ба корҳои колхозашон кас сарфаҳм рафта натавонад, аз осмон низ чизе фаҳмида нашавад; ин чиз ҳам мисли он аст, ки рўзноманигории Боборо баъзе касон дида гумон кунанд, ки ҳама аризаву шикоят ва мактубҳои беимзоро ў нависад... Бобо рўзнома дорад. Ҳар чизе ки ба назараш ғариб намояд, дар рўзнома нависад — таърихи ҳамон рўзро гузорад ва бисёр-бисёр: захирагари сари субҳ баромада, назди чойхона бо бидонҳои холӣ мунтазири мизоҷҳо истодаро бинад; ҳар субҳ аз дашт нигоҳ карда, қомати рости ўро бинад ва сари субҳ ё пеш аз баромадани пода аз хонааш ба дашт равад ҳам, ўро бубинад. Ҳамин ки аз интизории зиёд пойҳояш мадор накард, яктакро лўндаву ҷамъ карда, болои сарпўши бидон гузорад ва ба тораш нишинад
— то омадани ширфурўши аввал. Сонӣ шири ўро сатилбаркаш гирад ва фамилаашро навишта, андозаи ширро дар паҳлўяш рақам кунад... Рўихат калон шавад, аз варақ ба варақ гузарад, аз кило ба тонна гардад ва баъзеҳо моҳу сол мунтазир шаванд, ки кай пулро оварда диҳад... Ва чун ширро қабул карду даҳани бидонҳоро маҳкам, аз ҷониби офтобнишин мошини боркаш аз ферма шир орад, бидонҳои пуру холиро бор кунанд ва мошин ҷониби заводи шири шаҳр раҳ сипарад. Офтоб чанд қади найза боло шудааст.
То завод шир турш гардад — боз беҳтар; ташвиш кам, бидонҳоро фаровардаю бароварда намеистанд. Чун ҳарвақта мошин дарояду пулро супораду барояд — гўё шир супорида бошад. Чӣ лозим, ки ба танаи бидон рахҳои зиёд кашанд, ки чанд бор омаду даҳонашро накушода рафт. Одам ҳам ин хел зирак мешудаасту... Ростӣ, Бобо аз ҳамон кас ибрат гирифта рўзнома менавиштагӣ шуд, вагарна ба ин чизҳо кай ақлаш медавид; ақли одами сода ба ин чиз нарасад, лекин кори ҳамон коргари заводи ширу равған ўро мот кард: ба тани як бидоне, ки даҳонашро накушода, ба магазин рафтаасту ва боз баргашта ба завод омадааст ва касе надонад, ки андаруни он чӣ ҳаст, бисту ҳашт хат кашидааст — ин аз он рўзе ки омадану рафтани бидонро ў мушоҳида кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор