Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вале ҳоло аз рўи гуфтаи ў (ё онҳо) амал кардан рост ояд: «ту-гунг, ту – кар, ту – кўр». Ба назари ў дар кушода шуд, тир зананд ҳам, аз ў садо набарояд... Ин нигоҳи ошно ва ин нигоҳи сўзон борҳо куштааст ўро; куштааст, зинда кардааст ва боз зиндагӣ омўхтааст, роҳҳо нишон додааст: «Ман
— мурда!» гўё дили ў фиғон кард сўи прокурор, аммо ў ҳаракати қиёфаи ҳисобчиро дида гумон кард, ки ҳама чизро ба ёд овард, бояд бигўяд:
— Гап занед!
— Рафтори шумо роҳи халосӣ нест! Кайҳо ҳама чиз ба мо маълум аст.
Ва ҳисобчӣ ботинан як қад парид. «Медонам, ки тарсончакӣ, лекин худатро ба даст гир!» — ёд омад гуфтаи раис, «Ҳамааш аз ту вобаста» хотира шудааст гуфтаи мудири ферма, лекин ў надонад, ки чӣ кор кунад. «Аввалан ду по ба як мўза тиққонда, ёҳу, ҳамааш ҳамин хел, ки дар коғаз ҳаст, мегўйӣ! Дидӣ, ки нашуд, ҳамаашро ба гардан мегирӣ... Ҷони моро халос мекунӣ, мо ҷони туро халос мекунем... Ман — раис, ман — депутат...» Ва ҳоло ў надонад, ки ин рост аст ё фиреб... Рост буд — вақтҳое ни ў раис буд, депутат ҳам буд, аммо ҳоло пояш аз рикоб канда шудааст.
Сипосдории одамро бинед, ки ҳисобчӣ ба ёди он рўзҳо ҳеҷ чиз гуфтан нахоҳад — ба муфаттиш нагуфт, ба прокурор нагўя.д, ба суд ҳам шояд нагўяд... Он рўзҳо рўз буд, сафед буд, равшан буд ва ҳадди касе буд, ки ба ин колхоз, ман муфаттиш, гуфта ояд? Ё аз район баргашта мерафт ва ё ба колхози дигар мефиристоданд,ки тафтиш кунад. Акнун он рўзро баргардонидан имкон надорад, вале Ҳисобчӣ кўшиш дорад, ки он рўз боз ояд — ақаллан дар ёд, дар хаёл.
— Ҳоло дар колхозатон касе нест, ки шуморо харида тавонад ё кафил шавад. Худатон ҳаққи гапро мегўеду халос мешавед.
Ҳамин хел не?
Ин дафъа дили ҳисобчӣ ларзид. Прокурор рост гўяд: касе нест, ки ба вай умед бандӣ. Колхоз бесоҳиб, вале вазъият, ки нобоб аст, касе ҷуръати тороҷ надорад. Танҳо ҷуръати Бобо зиёд шудааст:
пайваста рўзнома нависад, бо баччу каччаш тамоку чинаду ба сўзану ришта гузаронаду хушк кунаду ҳамел, буғ кунаду той баста, ба давлат супорад... Дар ин миён ҳамин қадар корҳо шуданд.
Вале ҳоло ҳам колхоз бераис аст. Ҳоло ҳам касе пайдо нашавад, ки ба колхоз лоиқ бошад ва ё колхоз бо ў ифтихор карда тавонад, ёфт шавад-куя...
«— Хуб кор кардӣ, гадобойачўт гузарад, раис мешавӣ!»
Ва Бобо хубтар кор кард — он қадар хароб гашт, он қадар сиёҳ шуд, ки осўхта гашт, вале... вале касе ёд накунадаш. Дафтарҳояш пур шаванд; сари мўзаи Бобо дафтари нави мактабӣ қат гирад ва одамон гумон кунанд, ки шикояти тоза нависад.

пешина
аз 393
навбатӣ