Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ин ҳамааш кори мо, кори шумо... Гўркови қабристон ҳам плон дорад, ҷуғз барин садо мекунад, ки кай...
— Шумо қонундон будаед, ҷазоятон ҳам аз рўи қонун шавад.
— Чаро ҷазои ман? Мо ҳама қонундонем, ҳама бояд баробар ҷазо бинем! Танҳо ҷазо гирифтани ман аҳволи колхозро дигар накунад ва баъд ин кор дар колхози мо не... Шумо маҷбур созед, мо иҷро кунем. Иҷро накунем, дар бюрои райком чора бинанд.
Раис ҳам зиндагӣ кардан хоҳад, шумо ҳам зиндагӣ кардан хоҳед...
Рости гапа гўям, тартиботро аз идораи шумо — аз бинои адолат сар кардан лозим аст, дар шумо адолат бошад, ҳақиқат бошад, касе ба роҳи нодуруст наравад...
— Баред! Ба девонахона баред!
Захирагар як одами бедаҳони дар колхоз ҳама аз ў метарсидагӣ.
Дар назди калон ҳам, дар назди хурд ҳам, дар назди худӣ ҳам, дар назди бегона ҳам як хел гап занад. Ҷони раис ҳам ларзад, ки аз ў гапи дуруст набарояд, ҳамаро девона карданаш мумкин, ҳама корро чигил карданаш мумкин, ана акнун ёбу гир, на танҳо раис, балки прокурорро муттаҳам кардан хоҳад.
Вале ҳисобчии ферма баръакси захирагар як марди хаппаки, ба таври худ, тарсончаки, ба назар, ягон кор аз дасташ намеомадагӣ ва кас ҳайрон монад, ки чӣ хел ба чунин аҳвол ин қадар гўсоларо гов кардааст? Гўсолаҳои аз бозорҳои районҳои дигар харидааш то колхоз омадан гов шудаанд.
— Худатон дидед, ки нисфи одамон ба гардан нагирифтанд, ки ба шумо гов фурўхтаанд. Говҳоро аз муҷо харидед?
— …
— Ба ман нагўед, ба суд мегўед. Зуъм фоида надорад. Хўрдед?
Акнун полоидан даркор! А, чӣ хел шуд?
— …
— Ягон кас фармуд?.. Раис? Ферма? А, кӣ?
— …
— Ё гуфтанд, ки сар раваду сирр не? А?
— …
— Акнун онҳо ҷонатонро харида натавонанд, об ба лаби кўза баробар шудагй.
Ҳисобчӣ ҷунбид, хаёле ҷунбид, ки дар гарданаш мўр роҳ рафта бошад. Ва баробари гардан ҷунбонидан мўрча аз роҳ рафтан монд, ки ў боз қарор истод, вале прокурор пай бурд, ки ҷонаш ба талвоса даромад:, ҷоне, ки то алвақт мисли чашми хуфта сокит буд ва монанди мағзи аз кор баромада хобида, тавон гирифт. Андаке гардан каҷ ва ба дар гўшаи чашм кард: ё касеро мунтазир буд ва ё аз касе метарсид; мунтазир буд, ки ба мадад ояд, метарсид, ки аз сирраш огоҳ гардад. Пасон хотир ҷамъ дошт, ки касе наояд — ҳар касе ояд ҳам, баъди басанда шудани кор ояд ва ҷони ўро халос кунад; ваъда чунин буд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор