Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Поянда бод адолат!»
«Зинда бод додгустари одил!»
Гунаҳгор ҷазояшро гирифт, вале ҳоло ҳам колхоз раис надошт. Миш-миш авҷ гирифт, ки колхоз тоза будааст, дар ҳаққи роҳбарчаҳо тўҳмат кардаанд ва раиси Калон гашта меояд — чунин колхози калонро ҷуз раиси Калон каси дигар саришта карда натавоиад.
Вале афсўс, ки ин хел нашуд... Баногоҳ касеро раис таъйин карданду сонӣ дар маҷлиси умумӣ интихобу тасдиқ, ки на ўро ягон кас мешинохт ва на раис касеро медонист. Ва мардум ба такҷўйӣ даромаданд, ки аз куҷову кист? Кофтанду таку тирезашро донистан хостанд ва маълум шуд, ки...
Ҳар рўз назди Калони Калон мерафт раис, ҳар лаҳза бо телефон гуфтугў мекард раис. Маълум, ки аз раиси Калон ҳам баобрўтар намояд.
...Ва як сабоҳ мардум хонаи Боборо вайрона диданд: ў шабона хонаро вайрон карда, чўбу тахтаву бору бўхчаашро ба мошинҳо бор карда, дар дили шаб ғайб задааст, ки на касе бинад ва на касеро дучор ояд. Чунон ки ҷўгиҳо вақтҳои нав ба колхоз дохил шуданашон пушаймон гашта ва ё аз чизе ё касе ранҷида, шабҳангом ғайб зада буданд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор