Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

МОҲИҲО НОНРЕЗА ХУРАНД

I

Саргузашти ўро бисёр касон донанд; тамоми мардуми деҳа ва деҳоти гирду атроф. Баъзеҳо қиссаи ўро бо муҳобот, кам карда, гўянд ё аз будаш зиёд. Вале касоне, ки аз ягон ҷо омада ўро дида раванд, хотираи нек баранд. Қоил ҳам шаванд, ки ин мард дар саҳрои кушод чойхоначии колхоз шуда ин қадар хушқабул ва хушмуомила аст. Мард – қоматбаланди сиёҳ. Мўйлаби паризоғӣ дорад. Дар назари аввал як марди мағрури худписанд намояд ва гумон равад, ки фақат барои худ зиндагӣ кунад. Ҳатто худбиниаш то дараҷае, ки аз тораҳои мўи бари рўй ба бурут ҳамроҳ карда, то бехи гўш бурдааст. Салобати худро нишон додан хоҳад. Вале бар ивази биною таманнои бурут лаби поёнаш нест. Дандонҳои сафедаш намуда истанд. Чой ё хўроки обакӣ ошомиданӣ шавад, забонашро ба рўи дандонҳои поёнаш бароварда ба ҷои лаб истифода барад. Як фўтаи сафеди обинусха доим ба гирди тоқии чоргулаш чанбар аст. Яктаки сафед дорад ва аз болояш се фўта
– фўтаи сабз, сафед ва атласӣ баста гардад ва дастрўймоли духтараш попурзадаро ба миёнбанди атласӣ як ҳалқа занонда монад.
Тамоми фаслҳои сол мўза пўшад ва дар ин саҳро озодатар аз ў касе нест. Дар мўзааш гард нашинад. Ҳар каси навошно ўро афсар пиндорад. Баъд сачоқи сари китфи ўро дида, пай барад, ки ў хизматгори ин шипангу чойхона аст. «Ин ҷою манзиламон дар лаби дарё мешуд, хуб буд, лекин дарё дур» сухан чунин оғозад ў ва нонреза ба ҳавз андозад. Моҳиёни зиёде ба нонрезаҳо ҳуҷум оваранд, пасу боло шуда ва гоҳе ҷаҳида нонрезаҳои рўйи обро доранд ва агар нонпорае афтида ба даҳони моҳиён нагунҷад, фўк зада, ба канораи ҳавз ҷафс кунанд ва канда-канда хўранд.
Ҳангоми нонпораҳоро кандан моҳиён ларзанд, думи онҳо бозӣ кунад ва тамоми ҳавзро садои даступозании варзишгарон фаро гирад. Кас ҳама чизро фаромўш кунад.
Каси аввалин бор ба ин ҷо омада пиндорад, ки ин мард масхарабоз аст ва меҳмононро масхара дорад. Вале чун тамошои нонхўрии моҳиён поён ёфт, дар лаби кат амонат нишаста ҳолпурсӣ кунад ва сабаби қадам ранҷа кардани меҳмонро пурсад.

пешина
аз 393
навбатӣ