Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Хеле сукут кард. Баъд паридани ғадудҳои зери буруташ бозмонд, ки сар бардошт.
— Раис бародари ман буд, – гуфт ў ва оҳи вазнине кашид. Ба ангушти сағири дасти чапаш зеҳн монда, бо ангуштони дасти росташ рост кардан хост, вале ангуштак аз сари панҷа фурў рафта, каҷ шуда монда буд. Аз лаби чоки поёнаш ларзидани дандонҳояш аён буд. Ман гумон кардам, ки ў иқтидори ҳикоя кардан надорад, бозхестанӣ шудам. Ў маро бозшинонд:
— Вай одами аҷиб буд… Ноодаму нокасаш ман будам. Ман ўро куштам.
Дар бадани ман мурғак давид. Хостам зудтар ин қиссаро фаҳмам. Даҳон пур карда «Чӣ хел? Барои чӣ?» гуфта пурсиданӣ шудам.
Боз забон газидам.
«— Не, писарам, он қиссаро гуфтан мумкин не» – қатъӣ гуфт ў ва фўтаҳои ба дуртар гузоштаашро пеш кашид. Ноумед шудам.
Ин дафъа ҳам худдорӣ кардам ва чунон вонамудам, ки он қисса барои кори ман аҳамияте надорад.
Ҳарду ҳам пурбардошт будем ва барои аз якдигар илтимос кардан гардан ёрӣ намедод. Табиати ў ҳамин хел буд ва ё аз он саргузаштро қисса кардан тарсид. Вале ман дидаву дониста, машқ бозӣ кардам. Ба ҳар ҳол як сухан партофтам.
— Шумо, ки бародар бошед, қиссаи ўро беҳтар аз шумо касе надонад.
— Писарам, ба ту дурўғ гуфтанд. Ман солҳои ҷанг ин ҷо набудам. Ва надонам, ки ў чӣ корнамоиҳо кард. Ҳамин қадараш маълум, ки ўро ман куштам.
— Чӣ хел шумо куштед, шумо дар ҷанг будед-ку?
— Ин гапро мон, писарам, — ў бархост ва маро ба лаби ҳавз даъват кард,— Биё моҳихоро тамошо кун. Нигар, чӣ махлуқи аҷиб аст...
Ў ба ҳавз нонреза партофт. Моҳиён ба хоб рафта буданд, тўъма ба ёдашон нарасид. Мардак мўза кашид. «Акнун хоб равад, боз кисса накард» мулоҳиза кардам ман. Вале ў мўзаҳояшро ба сари ҳавз монда, нишаст ва пойҳо ба об андохт. Ҳолиё ба назарам дигаргуна намуд: бо фўтаи ба сар печида ва бе миёнбандҳову бе мўза як марди оддӣ ва ба ҳама мардумони деҳот монанд.
«Мункир нашавам, ман ўро куштам... Ҳамааш аз ин сар зад, ки ба ман повестка омаду ман гуреза шудам. Аз деҳа гурехта рафтам. Модар ва бародарамро партофта рафтам. Он солҳо ба кадом деҳае, ки равед, ҳама бо шубҳа нигоҳ мекарданд. Кўҳ ба кўҳ гаштам. Тобистон ки буд, ҳар ҷо сар мондан мумкин буд.
Аввал пушти ағба гузашта сари молҳои одамони ношинос рафта, умр ба сар бурдам, худро роҳгузар эълон кардам. Дидам, ки сари моли нагаштаам намонд ва мояи рўзгузаронӣ нест, ба гўсфанддуздӣ гузаштам. Як бор сагҳо қариб хомталош карда буданд. Ҳаво сард шуд.

пешина
аз 393
навбатӣ