Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

— Аз куҷо пурсем, меҳмон? Аз шаҳрҳои бузург ё хурд?
Баъд хомўш шавад. Ва агар меҳмон зиёдтар омада монад, нашинад. Хизмат кунад. Ба ин ҷо бисёр касон оянд, тамоми калонпояҳои колхоз ва намояндаҳои район. Ҳатто касоне ҳастанд, ки маҳз барои тамошои моҳиёни ҳавзи ў оянд: савдогарону савдоиҳо, ошиқону хумориҳо…
Шунида будам, ки ҳазор пурсӣ ҳам, ин мардак як даҳан аз саргузашташ ҳикоят накунад. Аз ў чизе напурсидам. Як моҳ дар меҳмонхонаи ў шудам. Ҳаёти колхози онҳоро омўхтам. Бисёр вақт лаби ҳавзи ў нишастам ва дидаю дониста ягон бор дар назди ў қаламу коғаз нагирифтаам. Ба ў ҳикоятҳои зиёде гуфтам. Латифаҳо ҳикоят карда ўро хандондам. Маъқулаш шудам. Беҳтарин чизҳои буфеташро ба назди ман мегузошт; мағзи бодом, донак, мавизи сиёҳ ва беҳтарии себҳои хубониро. Ва ман ҳам «себамро хўрдӣ, ғоз деҳ» аз ў ҳикоят шунидан хостам. Вале ў ғоз надод. Ба ў хизмат кардан хостам. Сатилро аз дасташ ба зўрӣ гирифта гирди шипангу чойхона, таки беду сафедорҳо ва атрофи ҳавзро об задам, тасфи ҳаво камтар шавад. Вале чор қадам дур аз сарҳавз гармсер забона зада, саҳрои кушодро фаро мегирифт. Он як баҳри хушке буд, ки бесадо мавҷ зада мерафт.
Ман фурсат ҷуста, назди ў рафтам. Агар назди ў одамон бошанд, ман ба саҳро мерафтам. Ў худ аз худ маро «писарам» гуфта ҷеғ зад. Чун танҳо монд, маро ҳамин зайл ном бурда ба лаби кат хонд.
— Қариб таърихи колхозро омўхта шудӣ, писарам?
Ман як оҳи вазн кашидаму гуфтам:
— Не, амак, намешавад.
— Чаро, писарам?
— Солҳои ҷанг як раиси наҷиб гузашта будааст, ҳеҷ кас шахсияти ўро хуб надонад.
Сари ў, гўё ки аз паси гарданаш як шамшер зада бошанд, ба пеш хам хўрд. Хеле сукут кард. Ман аз бофтаву ёфтаам хеле хурсанд будам, вале ба ў вонамуд кардам, ки аз гапи задаам пушаймонам. Ў баргашта ба ман нигоҳ кард. Ба назарам нигоҳаш маро хўрд. Биангоштам, ки ҳозир маро аз ин даргоҳ ронад. Гўё ман аз худ рафта будам, бардошта шудани дасти рости ўро дидам.
Каме худро пушт кашида ба ҳар зарбаи ў омода шудам, вале ў даст ба сар бурда фўтаро кушод. Баъд бурути тарафи чапи рўи ў паридан гирифт. Ў асабӣ шуд. Фўтаҳои миёнашро ҳам як-як кушода партофт.
— Бубахшед, амак! – узр хоста хестам.
— Ҳеҷ гап не, писарам. Шин,— гуфт ў ва бо кафи дасташ бурути аз ҳаяҷон пир-пир паридаро дошта, пахш кард. Оринҷашро ба сари зону гузошта хомўш монд. Аз афташ симои раисро пеши назар овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор