Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ҚАҲРАМОН

Қаҳрамон оқибат мурд. Дар ҷанг на, дар бистар мурд. Баъди қаҳрамониҳо, баъди хориву зорӣ, ба истиқболи ҷашн гирифтани шастумин бори Ғалабайи Бузург мурд. Чанд рўз монда буда… Беёд гашта; гоҳ баҳушу гоҳ беҳуш майдону набарду асириву раҳойиро ёд оварда; боқадру беқадр будани хешро дониста, мурд.
Вале мурданро ёд надорад; зеро ў аллакай олойӣ мегуфт, аммо чӣ гуфтанро надониста ва сарфаҳм нарафта мурд; бо фарзандон видоъ нагуфта, гуноҳгузарӣ, омурзиш ва пўзиш накарда мурд…
Мурд, вассалом. Сухани касеро нашунид, касеро чизе нагуфт; ҳама будаву шудаҳо аз сараш дур ва ё дар сараш, дар ёдаш, дар забонаш, дар пиндораш чизе буда бошад ҳам, касеро аён нагашта мурд; кару кўру гунг барин… Аммо касе ёд надорад, ки ў чунин буд. Хандад, ҳама чиз садо мебаровард, гом занад, замин меларзид.
Сиёҳҷурдайи баландболойи тануманду пурзўре буд ва то пирӣ касеро дасту даста надода, давру даврон ронд. Давру давронаш ҳамин буд, ки рост рафт, рост гуфт, рост шунид. Гоҳи аз хидмати Ватан ҷангро анҷом дода баргаштан дар даму нафасаш истода намешуд. Духтарони деҳ ҳаваси ўро доштанд, аммо ў шўмурдаро гирифт; дониста гирифт, ки шў дар пеши назараш дар ҷабҳайи набард зери бомбайи душман монда мурд. Дида буд пора-пора гўшт париданашро ҳамроҳи хок. Он замон чун имрўза беёд буд, чун ба худ омад, он манзарайи мудҳиш пеши чашмаш ҷилва кард; боз беёд гашт чунон ки пеш аз марг.
Асари ҳамон бомба; гўшти ҳамдиёрро пора-пора ба ҳаво парронду як пораи хурди оҳан паси гардани Қаҳрамон ҷо шуд ва фурсати ҷарроҳӣ нашуда, паси гарданаш ҳаммонанди гўри нав дамид; гунбад шуд, ки пояаш аз оҳан сахту мустаҳкам буд… Шояд ин чиз он қадар асабиаш накарда бошад, ки баъди аз ҷанг зинда баргаштан дар ватан озори рўҳиву азоби ҷисмонӣ дид. Худаш донаду худо, ки чӣ азиятҳо кашида буд… Инак гўр ҳамвор кунад ғури пушти гардани ўро. Зиндагӣ дамонд, гўр ҳамвор кунад. Ҳаво ки абр кашид, оҳан ҳам сардиро мекашид ва ў рўймоли кўҳнаи занашро ба гардан мебаст, ки азобаш медиҳад; гўё тамоми сармойи зимистонро чун сардирабо он оҳанпорайи ба чашм ноаён мекашид ва ҷанговарро азоб медод ва занаш мудом бо таф додану паси гардани ў бастани сабўс овора буд. Аммо Қаҳрамон писанд намекард чунин дардро ва духтур намерафт, ки ҷарроҳӣ карда оҳанпораро гиранд: «Зўр бошад, худаш бурояд.»

пешина
аз 393
навбатӣ