Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Доред! Ду-се рўз нигаҳ доред майитро. Ҳукумат, колхоз тайёр нест баройи гўру чўби чунин одами шарафманд!
Ва боздоштанд мурдаро. Аз пешнамози рўзи одина монд. То ба дафни ў омода гаштанд, ки се рўз гузашт; хешу табори раҳдур расида омаданд; аз дигар шаҳрҳо расида омаданд, вале аз Душанбе омадан сахт вазнин буд, ки водийи Зарафшон роҳ надошт. Ҳаво гирифта, тайёра напарад. Дигар ҳама роҳҳо баста; ҳам аз ҷониби душмандўстҳо, ҳам аз ҷониби ҳамсояҳо ва ҳам аз ҷониби Худо.
Худогир, ки шуд, бандагир ҳам шавад… Аммо писари дар Яман будааш омада натавонист. Дар мурдайи модараш низ омада натавонист; чиҳил рўз пеш. Сари чил падар низ даргузашт, писар бехабар. Тухми одамӣ парешон-эээ…
Воқеан, сардорон бехабар монданд аз мурдайи ҷанговар. Замонҳое, ки пирўзийи артиши Ватанро бар душман ҷашн мегирифтанд, қаҳрамони мо дар сарсинайи кастуми хокирангаш ордену медолҳо ва боз ким-чӣ хел оҳанпораҳойи рангайи ба худаш маъқулу писандро дўхта ва сабт карда, қомат рост дошта, пурғурур дар минбари намойиш боло мешуд ва баъди ҳангома ва таърифу ситойишҳойи ҷанговарону пирўзийи сипоҳи беназири аз ҳафтоду ду миллати мамлакати паҳноварамон фаро омада ба сайру гашти ҷойҳойи намоёни ноҳия мебурданд, баъд ба сари дастархони зиёфат (ин аввалҳо буд; дар гармийи кор) ва ҷавобашон медоданд.
Қаҳрамон аз лаҳзаҳойи сипосгузорӣ, ки панҷоҳ сол гузашт, ба хона баргашта костуми зарнигорро ба сари мехи миёни ду тирезайи хона меовехт ва боз соли дигар ҳамин вақт мепўшид; дар ин миён чӣ қадар чанг пахш мекард он ҷомайи кўтоҳи орзуву армонҳоро; он либоси таманноро.
Бори нахуст ў бо ҳамон сару либос аз назди минбар гузашт, ки аз майдони набард баргашта буд: шинели обшустайи хокиранг, дар сари китфаш пагон дошт; бо каллапўши зимистонайи (телпак) дар пешониаш ситорайи сурх дошта, бо мўзайи дарида. (Мўза дар ҳамин ҷо дарид; аз зарби кори дашту саҳро; шинел ҳам; зеро пўшоки дигаре набуд. Каллапўшро эҳтиёт мекарду ҳар гуна латта мебаст, ки ситорайи сурх дорад; ситорайи Шараф. Аммо дар одату расму русуми онҳо мард латта бандад ба сар, айб мекарданд, аз ин рў телпакро низ дар борону офтоб пўшида кўҳна кард, вале ранги ситорааш равшан буд.) Ва ҳама умр мехост, ки бо чунин либоси ифтихорӣ аз назди минбари давлатӣ гузарад ва дар сари минбар будагон ба ў «Ура!» гўянду каф кўбанд.
На, танҳо ўро на, Набиро низ ура гўянд; Аҳмадро, Шодимуродро, Амонбойро, Ҷўрабойро, Назаровро… Амонбой чашмонаш аз гарди коҳу чанги хирман кўр шуда мурд, Ҷўрабой боре ҳам даъво накарда, ки ман ҷангида омадам; гирди ҷувоз гашта, пойҳояш аз ҳаракат монданд…

пешина
аз 393
навбатӣ