Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Ман ҳам аз паси шумо равам. Надонам, ки Аҳмад пештар равад ё ман. Лекин наздик. Равам, ҳама рухдодҳойи баъди шумо шударо гўям. Ба хусус қаҳрамонҳойи баҳодурони навбаромадро.
Одамаш чӣ гуна махлуқ аст-а? Боре пишаки касеро «пишт!»
гуфта бошӣ, то мурдан қасд ситонад. Ҳатто аз мурда. Агар қасд ситонида натавонад, мегўяд, ки як дастам аз гўр берун».
Чун ҷанг паси сар монду мамлакат пеш рафт, либоси идона пўшидан зарур омад… Ҳамон костуми хокиранги пурситора ёдгори рўзҳойи нек аст.
Ҳанўз ҳам он костум дар сари мех аст чангхўрда; чанд соли охир касе онро аз сари мех набардоштааст. На танҳо он пўшокро гарду ғубор пахш кардааст, балки оҳанпораҳо аз зери чанг натобанд. Он каллапўши ситорадор ҳам, ки чун мўкии Аёзи шоҳчўпон сари мех аст.
— Биоваред нишонаҳойи ифтихорийи қаҳрамонро!
Сандуқ кушоянд; ҳуҷҷатҳоро гиранд, ки сохтааст ин нишонҳо ё ҳақиқӣ. Оҳ чӣ қадар озор дида буд Қаҳрамон аз паси ин нишонҳову ҳуҷҷатҳо! Аз чашми сўзан гузарониданд ин қаҳрамони танумандро, ки гўё гоҳи ҷанг ба тарафи душман гузаштааст… «Наааа…
Ҷанги дирўза на… Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Дар ҷанги дирўза мебуд, Қаҳрамон сар-сари даст мегашт. Чӣ вазифаҳое мегирифт.
Чӣ долларҳойи бе дарди миён меёфт; чӣ биноҳо баланд мекард; чӣ мошинҳое мехарид; чӣ занҳое пайдо мекард – ҳафтуму ҳаштум; аз пайғамбарон ҳам мегузаронд дар ин масъала. Чанд каси бекорхўҷайи муфтхўр афтомату таппончаҳо дар даст ҳимояаш мекарданд; ҳар шаб ба хонайи яке аз занҳо меоварданду мебурданд; чӣ хидматҳое мебуд: танашро мешустанд; либосашро мекашиданду мепўшониданд; дари хонаашро посдор буданд; сагашро бонӣ мекарданд;… ва ў чӣ мехост, он мекард: ҳатто мошини аз мошини ў пеш гузаштаро тирборон мекард; зиндаву мурдаро аз сари пул ба қаъри дарё меандохту механдид: «Моҳидорӣ рафт.»
Ҳамин хел буд: моҳидорӣ мебурданд одамонро. Дар сари ҳавзи моҳидорӣ чухт мемонданду тир мезаданд ва ў луқмайи моҳиён мешуд; уволакҳойи зери об одамро мехўрданд. Вале он солҳо одамон гўшти моҳӣ намехўрданд, ки моҳиён одамхоранд. Чӣ солҳое ҳастанд солҳойи Ҷанг.
Қаҳрамонони ҳамин ҷанги наздик эътибори қаҳрамонони Ҷаҳониро паст зад. Онҳо, ки ҳеҷ гуна ҳангома надоштанд ва дар деги хеш меҷўшиданд, пеши ҳангомаҳойи чашмнадидайи сарбозони серсилоҳи Ҷанги Наздик ҳеҷ шуданд.; фаромўш гаштанд онҳо.
Вале ҳоло ҳам ин ҷанг ном надорад. Ҷанги бародаркуш, ҷанги шаҳрвандӣ, ҷанги хонумонсўз, ҷанги озодиву истиқлол ва бисёр номҳойи дигар. Аммо яке начаспид. Ҷуз ҷанги бародаркушӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор