Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Вале либоси ҷангийи ҳамаашон баробар дарид; аз зарби яккаш пўшидан, дар кори кўҳу саҳрову хона бебадал дар бар доштан ҳама дариданд; ҳамон мўзайи сахт ва шинели хушматоъ; ҳар ранҷе танашон медид, ҳар зарбу лате ба танашон мерасид, аввал ба он либосҳо таъсир мерасонд; шинел ҷуз кашу пархоши хору хоку барфу борон аз гармиву нури офтоб ҳам фартут шуд; ғозашро сўзонд; пасон ришта-ришта гашт. Остинаш хўрда шуда, аз оринҷ ҳам болотар рафт ва то китф расид. Қаду бараш низ кўтоҳ шуданд. Гирдогирдаш монанд ба даҳони киса гаштанд, ки ягон чизи дар он андохта наистода, ба баданаш расида мешорид. Мегузаштааст, ҳамааш мегузаштааст; танҳо хотира мемондааст, ки гоҳе кас ёд оварда мегиряд аз хорӣ ва гоҳе шукр мегузорад, ки то имрўз зинда аст.
Аз ҳама гиряҳо гиряйи онрўзайи Қаҳрамон сахт буд, ки ба ифтихори 50-солагийи рўзи Ғалабайи Бузург дар пешроҳи гўристон манзил сохта, санги ёдгорийи шаҳидони Ҷанги Бузургро гузоштанд ва бар он тахтасанг номи фавтидагон ва беномунишон будагони он ҷангро ҳак карданд. Он рўз Қаҳрамон бояд шодмонӣ мекард, ваъз мегуфт, рақсу бозӣ мекард, ки Ғалабайи Бузургро ҷашн мегиранд. Аммо ў гирист, сахт гирист; номи ҳар якеро аз лавҳасанг хонда, гирист, ки онҳо ҷонашонро раҳо карданд ҳамон вақт; азоби баъди ҷангро надиданд; таънайи касу нокас, марду номардро нашуниданд; зарбаҳойи тозиёнайи райису ҳосилот ва таънаҳойи саркорони дар умрашон баройи Ватан хидмате накардаро надиданду нашуниданд. Э Худо, он қадар хўҷайинҳо пайдо гаштанд, мамлакат он қадар соҳиб пайдо кард, ки… баъзеашон номи ин шаҳидонро дар ин тахтасангҳо сабт карданро намехостанд: «Хойин ў, хойини ватан!» мегуфтанд, вале дар борайи ў чизе намедонистанд. Бо мурда на, бо рўҳи ў, бо номи ў ҷанг мекарданд.
Он рўз фориғи ёдбуду ҳангома ба идорайи ҷамоат даромад ў. Даромаду шах шуда монд ва боз гирист. Одам пир шавад, аз кўдак ҳам нозуктар мегаштааст. Пештар гоҳи ба ин толор даромадан тахтайи «Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ»-ро дида бо ифтихор табассум мекард, ки чӣ хидмати бузурге карданд инҳо; ин симоҳо, ки аз тахта ба ҳар нафари воридгашта боумед нигаранд… Вале имрўз ў даромаду сар хам кард ва гирист. Охир ҷуз ўву ҳоҷӣ Аҳмад, ки як умр пойи лангашро кашола карда мегашт ва ҳоло рўйи бистар ноҷунбон, касе намондааст аз он дастайи ватанпараст. Умраш ҳамроҳи онҳо гузаштааст, вале яке аз онҳо намонд; баъзе аз зарбу лати ҷанг ва осори тиру оҳанпора пешу қафо мурданд; бархе аз берўзӣ ва ягон-ягон аз захми забону азобу шиканҷайи органҳойи дахлдор. Ҳатто Рауф худашро овехта кушта буд аз дасти онҳо. Ва ҳолиё Қаҳрамон як-як нигарад ба онҳо ва ҳолпурсӣ кунад, вале ашкаш намегузорад, ки сурати зардгашта ва чангхўрдайи онҳоро бубинад. Бо нўги остини ифтихорӣ аввал ашкашро пок кунад, баъд чанги рўйи ҳар суратро: «Дигар лозим нашавад ин костум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор