Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд дуздиву тозӣ ҳам карда бошад, аммо касе надонад. Агар донад, ба ҳоли худ намемонд ҷанговар; ба вижа гоҳ-гоҳ, ки кўмак мекарданд, нафақаашон аз нафакаи дигарон фарқ мекард; дар зиндагӣ баъзе имтиёзҳо дошт… намегузоштанд, ки ў ором умр ба сар барад. Албатта қаламкашҳо менавиштанд ва ўро болойи сўхта – намакоб идора ба идора кашолаву тафтиш мекарданд. Ба замми он қадар азоби додаашон; баъзан аз ҳама имтиёзҳо маҳрум ва қариб аристон карданашон. Худаш медонад чӣ буд, аммо мурду сабаби ин қадар кашокашҳоро надонист. Ў мисли баъзе касони ҳаромхиштак ё душмандор «повестка» нагирифааст; ба зан ё духтари касе чашм ало накардааст; ҳаққи касеро нахўрдааст… Аммо азобаш доданд. Вақти видоъ касе аз ин хусус чизе намегўяд; ҷангид баройи Ватан ва хидмат кард мардумро мегўянд. Қариб, ки Қаҳрамони Бузургаш хонанд. Лекин гоҳи беморийи дуру дароз касе огоҳ набуд. Писарон ҳам дар мурдайи модар омада ҳолу рўзашро диданд ва «кору ҳоле шавад, хабар диҳед» гуфта рафтанд.
Дере нагузашта кору ҳол шуд. Нигаронанд парвози тайёраро.
Аммо ҳаво иҷозат намедиҳад ва ҳамсояйи забондароз роҳҳоро чунон бастааст, ки на мошин рухсати гузаштан дорад ва на пиёда.
Ҳамсояйи бадро худо бардорад. Вале дар ҳар вохўрӣ лофу газоф аз дўстӣ ва ҳамсоягӣ меравад. Ҳамсояйи хуб аз фарзанди дур хубтар мегўянд. Аммо ҳамсойи мо хуб набаромад; ҳам заминҳоро соҳиб шуд ва ҳам роҳҳоро баст. Ақаллан роҳи ҳавойиро мекушод мо, суғдиҳо рўйи гармашонро набинем ҳам, гўру чўби зодагонамонро дида метавонистем.
Чунин алам дар дили Қаҳрамон ҳам монд, ки то Прага, Берлин (ҷойҳое, ки Қаҳрамон ҷангида ва он ҷойҳоро аз душман озод карда, зиёда аз бисту панҷ ордену медал насибаш шудааст) сарҳад гуфтанӣ чиз набуд; саросар пиёда гашту оламро дид; яку якбора офату бало аз Осмон рехту роҳҳоро баст. Пеши роҳи роҳбандро худо бандад, ки гўштро аз нохун ҷудо мекунад.
Ширинӣ зиёд хўрӣ, сонӣ якбора кому даҳонат талх мегардад, то чизҳойи дигар хўрдан; зиндагийи мо низ чунин шуд: шўравӣ даҳонамонро ширин дошт ва якбора ба истиқлол расидему даҳонамон талх гашт; акнун ширин кардани он амрест муҳол. Вале коми баъзе, ки талх буд, ширин шуд; рўякӣ ва муваққатӣ тобад.
«Ҳар ширинӣ талхие дорад; ҳар раҳбандӣ раҳкушое дорад…
Ҳеҷ бадӣ пойдор намонад!»
— Бадбахтҳо! Нағз хабар нагирифтаед, бў мекунад. Фирфиракҳоро намондед?!
— Барқ набуд, охир!
— Одикалон-подикалон ҳаст?

пешина
аз 393
навбатӣ