Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Не! Раҳматӣ бад медид!
— Ношургиш…
«Бисёр наздик наистед! Монед мурда нафас гирад!»
Мурдаро монда – тутхўрӣ, баъд намехандия… Худи раҳматӣ чунин буд; ба азобу машаққати кашидааш нигоҳ накарда механдид; даҳонаш ғор барин мешуд; набераҳо ба ғори бетаги даҳони ў нигоҳ карда завқ мебурданд; хурдтаракон ба по рост шуда нигоҳ мекарданд.
— Бобо, боз хандед!
— Ваҳ-ваҳ… ваҳ!!!
Баъд ҳамсараш то ки набераҳо натарсанд, чашм пўшида ҳазломез дод мезад:
— Э пўшед! Э пўшед!
— Ваҳ-ваҳ…ваҳ!
Ба назар ҳозир Қаҳрамон чунин ваҳ-ваҳ мезанад ва ҳамаро талхакаф мекунад. Чунки табассум дамид дар лабонаш. Дидаҳо диданду надидаҳо на. Дидаҳо гурехтанд пас-пас – номаълум. Дигарон гардан ёзиданд, ки рўйи кушодайи ин мурдайи костумпўшро бинанд, то рўзе касе ин чизро қисса кунад, ба тасдиқаш сар ҷунбонанд. Зеро ҳоло ба ҳеҷ чиз сар ҷунбонида нашавад; ҳатто ба «зиндабод!»
Вале як садойи маҳзуни аз дари дарвоза баромада диққати ҳамаро ҷалб кард: «Бародарам-э, вой бародарам!»
Ин садо диққати ҳамаро ҷалб кард; ҳатто рў ба пушт гардонда бемореро диданд, ки нимҷон бар гардуна менишаст; ин ҳоҷӣ Аҳмади ланг буд. Се писар гардунайи маҷрўҳийи ўро тела дода ба ҷанозайи Қаҳрамон меоварданд. Маросим ба овозандозӣ бадал гашт. Ҷунбиш ҳам шуд:
— Бас! Бас! Намояндаҳо…
Вале бас нашуд; садойи паст ва беҳушонайи ҳоҷӣ Аҳмад меомад. Чунин ба назар мерасид, ки ҷуфттобут мешавад. Сараш ба рўйи сарсинааш хам хўрд:
«Дарду алами маро танҳо ту медонистӣ, бародарам… Азобу шиканҷайи туро танҳо ман дар пўстам ҳис карда будам. Неши хор чист, ки аз халиданаш кас ба нолиш меояд; ин оҳан-а… дар пойи ману дар паси гардани ту монд… Баройи ман ҳам ҷой гир; баробарат рафта натавонам ҳам, аз пасат меравам… Чӣ фарқ дорад? Туро дар аспи чўбӣ мебаранд, маро дар аспи оҳанӣ. Мисли ту беҷонам… Мебарандам. Меғонда мебаранд, ғелонда меоранд.
Насиб чунин будааст. Паноҳ ба худо, нагуфтем чунки ман ҳам рафтанӣ. Ту хомўш меравӣ; он ваҳ-ваҳҳоят нест. Ман шукр мегузорам, ки Худовандро лозим шудаем, мебарадамон.»
«Салоти ҷаноза! Салоти ҷаноза! Салоти ҷаноза!»
«Вақт шуд». Сар бардошт Ҳоҷӣ Аҳмад, ки гўйӣ тобути баланди Қаҳрамон дар ҳаво мерафт.

пешина
аз 393
навбатӣ