Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

«Дареғ… Фаҳмидам, ки пурсидайӣ: «Ҳоли Аҳмад чун бошад?»
Дареғ, дўстам… магар ҳоли худро медонистӣ, ки ҳоли маро пурсидӣ? Пурсиданат ҷо дорад; ман пештар аз ту бистарӣ шуда будам; пойи дардмандамро шабҳо оғўш карда мехобидам. Гумон кардӣ, ки хабаргирӣ наомадам, рафтаам; пушти Бурсак рафтаам.
Ай худо-еее… Ба номат мурам-э! Ман ҳарфи ҳамаумрайи ўро ёд мекунам: «Кӣ гумон дошт, ки мо аз ҷанги немис зинда бармегардем…» Медонистам, ки зиёд мегўйӣ. Чизе намегуфтам, ки ғамӣ мегардӣ. Лекин рост мегуфтӣ: «ҳеҷ кас гумон надошт, дўстам.» Боз як ҳарфи дигар доштӣ: «Ба гуфтану хондану кино нишон додан касе намефаҳмад, ки ҷанг чист. Онро танҳо чашм мебинад, гўш мешунавад ва тан ҳис мекунад» Рост. Ман дарди туро мефаҳмидам, ту дарди маро… Бародарам… Ҳар бор, ки поям сих зад, дарди паси гарданат ёдам меомад. Вале ҳоло ҳазор дард кунад ҳам, на дарди пойи худро ҳис мекунам ва на дарди пушти гардани туро.
Медонам, ки дардаш монд. Нафаси туро, рафтани нафаси туро нигарон будааст ин дарди бедаво. Давояш, дармонаш ва фарҷомаш чунин будааст… Бурданд».
Ҳаво абр кашид. Аз саргаҳ; аз Фарғар. Зарафшон ҳамроҳ овард ҷониби Самарқанд. Вале ба ин шаҳри ормонҳо нарасида, гиряаш омад, ашкаш рехт. Рўйи гўри тоза хол-хол шуд. Бўйи хок баромад.

пешина
аз 393
навбатӣ