Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

«Устод Сорбон! Ин ҷо биёед, пеш бишинед!» садойи Сардепутат Сайдулло Хайруллоев.
Як нафас садойи пуршўри чархбол аз гўшҳо фурў менишинад.
Маро арақ пахш мекунад. Зеро шишайи хомўшӣ шикаст ва якбора ҳама ҳушёр шуданд. Усмон (Ёвари Сардепутат) ҷояшро иваз мекунад бо курсийи ман ва паҳлўйи депутат Абдусаттор менишинам.
Дар пеш Раиси Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ Сайдулло Хайруллоев ва муовини сарвазири Ҷумҳурийи Тоҷикистон Зокирҷон Вазиров рў ба рў нишастаанд. Паст-паст сўҳбат доранд.
Гарчӣ ҷойи нишаст дигар шуд, назару нигоҳи ман чунон аст, ки дунёйи ҳастӣ зери чархбол меларзад… Аммо Замини гаронвазн, ки қиёсу ангора надорад, бепарво бузургтарин гуноҳҳоро, ки гаронтар аз вазни ўст, бар дўш гирифтааст. Худи чархбол меларзад ва маро намояд, ки Замин ларзад. Садойи он аст ва гўши маро раъдбонг занад. Тарсам, ки аз ин бонг ва ларза боз рашт гардад кўҳҳо; дерсолаанд ва ковокию пўсидагӣ доранд, ки обу бод ба миён оварда. Ин ҳама андешайи ман: Раштонзамин бисёр чизро дида; чунонки Олам дида. Гўё аз офариниш, ки ин гўша хиттае аз биҳишти рўйи замин буд, ба он мақом монда. Аз ду чашмаки гирдайи паҳлўҳойи чархбол чунин тобад.
Ба китфи ман даст мерасад. Сахт мерасад. Менигарам. Абдусаттор сўйи Раис ишора мекунад. Раис ангушт аз ғурфайи бастайи дасти чап сўйи кўҳҳойи соҳили рости Сурхоб ишора доранд:
«Навобод… Дарайи Камаров… Ҳойит…»
Аз ҷойи хеш ҷаста чашм бар тиреза ҷафс мекунам, то ин манзилу манзараҳойи овозадор ва туфайли шахсони бузург ва ҳодисаҳойи таърихӣ шиносро хубтар бинам. Баъд ба худ омада шарм медорам аз депутатҳо, ки сабуксор ё ҳавлак мапиндоранам. Зеро дар ин сафар алҳол як кас ҳаст, ки мақсади ба ин гурўҳи корийи парлумон ҳамроҳ шудани маро медонад; ў хонда маро ба ин сафар; вагарна мани тоҷикистонӣ бори нахуст дида об медиҳам аз сабзаву обу гиёҳи кишварам. Албатта пештар ҳам касе мешуд, ки маро ба ин манзил мехонд, меомадам, аммо… Оҳ, чӣ сахту мушкил аст касшиносӣ ва ба қадри ў расидан.
«Бубахшед, шумо ин мавзеу манзилҳоро ба ман шиносонида метавонед?»
«Баъзеашро… Ҳамон гуфтаҳойи Раисро. Аз Раис пурсед, беҳтар касе ин ҷойҳоро намедонад.» Даҳон ба гўши ман наздик оварда мефаҳмонад депутат Худоиеви помирӣ, ки нисбат ба дигар депутатҳо сафедпўсти лоғар метобад; аз помирӣ дида ба аврупойӣ монандтар.
«Хуб нест, Раисро безобита кардан» аз дил мегузаронам ва садойи ў ба гўшам мерасад:
«Дувоздаҳ ҳазор ҷон… Ин рақами камай?»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор