Зеҳн
Сорбон. куллиёт. Ҷилди 3

Агенти Зеҳнӣ · 3 ноябри 2026 · 393 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муроди ўро ҳама мефаҳманд, аммо касе чизе намегўяд. Ин ҳамон фоҷиайи соли 1949, ин шумор бошандагони Ҳойит зери кўҳи ламида монда буданд. Ламида кўҳи дигар сохта…
Маро хаёл мебарад ба гузаштаҳо ва «Қисмати тоҷик»-ро ёд меорам ва сарнавишти вопасинашро пеши назар. Вале чизе гуфта наметавонам, зеро гўям ҳам, касе дар зери садойи ғуррони чархбол чизе намешунавад… Ба андеша меравам, ки чаро тоҷикро худованд ба «биҳишти рўйи замин» ҷой дода, дигар ҳама ҳамвориву хиттаҳойи хубро ба дигарон эҳдо кардааст? Пеши назарам меояд, ки тоҷикон замон-замон аз ҷафоҳойи таърихӣ гурез мекунанд.
Ва кўҳу камарро паноҳгоҳ дониста бо азобу машаққати гарон ба ин диёр рў меоранд. Кўҳистониро ҷафокашида, уқубатдида, ситамкашу заҳматкаш маънидод мекунанд ва пурсӣ, ки ҷафойи кист? Искандар, араб, муғул, турк, қатаған, балуҷӣ, руси замони шоҳӣ ва худийи худро ном мегиранд. Ва зиёд… Мо ҳамайи он ҷафоҳоро намедонем. Агар чунин набуд, Восеъи Норинҷӣ нашўрида буд. Инсон чӣ фаромўшхотир аст? Ба гули зағир барин некӣ кўҳ барин бадиро фаромўш мекунад ва ё мебахшад; зеро моро чунин панду андарз омўхтаанд: «Ба як рўят сила занад, рўйи дигаратро низ дор!»
Худиро гуфтему манғитҳоро фаромўш кардем; ҷафову ситами амириро, ки чун шуллуку кана ба тадриҷ хуни халқ мемакид, аз ёд рафт. Зеро Инқилоб ба ҷойи ҳама тоҷики ҷафокаш қасд ситонд. Аммо кинайи хуни падарон дар дилҳо боқӣ монд. Озори ҳар замонро, ки чанд-чанд танро ба адиру дараҳо рост мекард, баёзҳо донанд. Андак набувад ғуссаву ғами тоҷик, ки тоҷикони Самарқанду Бухоро ва Фарғонаву Хўқанду Хива, Сурхондарёву Қашқадарё, Чочу Насафу Кеш… ўзбак шуданд; шаҳриҳойи фарҳангӣ кўҳистонийи заҳматкаш гаштанд…
Худоё! Маро чӣ андешаҳо дар ин роҳи муаллақ ба сар ояд?
Худо бигў, Мустафо бигў! То ба манзил саломат бирасӣ! «Тоҷикон»-ро хонед! «Тоҷикони бурунмарзӣ»-ро хонед! Ҳама чизро мефаҳмед! гўйӣ намешавад?! Ба хаёл меравӣ, гўё дарди тоҷик аз ин андешаҳойи ҷонкоҳ сабук мегашта бошад.
«Ҷергатол!» (Ҷер – замин, тол – сафедор: сафедорзор.) Маро ба худ меорад ин садо ва зери боли гардони чархбол як замини сурхранги фарох аён мегардад ва шохоби парешони Сурхоб, ки чун маҳбубайи танноз аз канори хок бо ҳазор карашма мегузарад даштро сўзонда. Ва қисмати сўхтайи даштҳойи Тоҷикистон пеши назар меояд, ки зери офтоб дуд мекунанд. «Об дар кўзаву мо ташналабон мегардем.» Ин ҳам толеи тоҷик, ки об гуфта дар кўҳсор манзил гузидааст. Аммо баҳрайи обро пасобиҳо мебардоранд. Фурў рафта рўдҳо; сангро бурида, хокро рабуда, кўҳҳоро арраву сўҳон карда ба қаър рафтаанд, то тоҷик натавонад марзи хеш шодоб гардонад; сатилкаш ниҳол сабз гардонад. Бо вуҷуди душвориҳо тоҷик тавонистааст сангро бишканад, кўҳро бибурад ва канори шаху рашт (хок, хокрўба…) кашоварзӣ кунад.

пешина
аз 393
навбатӣ